ЛИМФАНГИИТ (Lymphangiitis; аз лимфа ва юн. angeion – раг), илтиҳоби рагҳои лимфа. Л.-и шадид бисёр вақт ҳамчун оризаи бемориҳои илтиҳобии римноки дасту по инкишоф меёбад (захму яраи сироятнок, пучак, хасмол, флегмона ва ғ.).
Л. шабакавӣ (илтиҳоби рагҳои лимфавии хурд) ва бунёдӣ (илтиҳоби як ё чанд раги нисбатан калон) мешавад. Беморон табу тасф мекунанд, уқдаҳои лимфавии ҳамшафат калон мешаванд. Дар сурати номусоид ҷараён гирифтан Л. зардоб ҳосил карда, думбал ё флегмонаҳои зерипӯстиро ба вуҷуд меоранд.
Л.-и музмин метавонад бо илтиҳоби саромосӣ, захмҳои варикозии соқи по ё бемории сил ҳамроҳ шавад. Он боиси халал ёфтани ҳаракати лимфа, варам ва баъзан доъулфил (поғура) мегардад. Беморонро ба назди ҷарроҳ фиристодан лозим аст.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад
Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …