Главная / Илм / ЛИЗОСИМ

ЛИЗОСИМ

lizosimЛИЗОСИМ (аз юн. lysis – ҳалшавӣ ва zyme – туршонӣ), мурамидаза, ферментест аз гурӯҳи гидролазаҳо. Л. девораи ҳуҷайраи бактерияҳоро вайрон карда, боиси ҳал (лизис) гаштани он мешавад. Л.-ро с. 1922 А. Флеминг кашф кардааст. Л. дар ашк, балғам, луоб, зардоб, плазмаи хун, шири занҳо, луобпадраи бинӣ, сипурз, ҷигар мағзи устухон, тағояк, чарбу, лейкоситҳо ва дили одам пайдо карда шудааст; дар растанӣ ва баъзе бактерияю вирусҳо низ дучор меояд. Л.-ро барои табобати бемориҳои чашм, ҳалқ, милки дандон, сӯхтагӣ, инчунин дар амалияи акушерӣ кор мефармоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …