Главная / Илм / ЛИКВОРЕЯ

ЛИКВОРЕЯ

likvoreyaЛИКВОРЕЯ (Liquorrhoea; аз лот. liquor – моеъ ва юн. rhoe – ҷорӣ шудан), шоридани моеъи ҳароммағз (ликвор) аз бинӣ, гӯш, сӯрохи захм ва диг. нуқсонҳои косаи сар ё сутунмӯҳра, ки сабаби он осеб ёфтани пардаи сахти майна аст. Моеъе, ки шорида меояд, одатан, ранги шаффоф дорад; баъзан он омехта бо хун низ ҷорӣ мешавад. Моеъи аз бинӣ, гӯш ва захмҳо шоридаро баръало мушоҳида кардан мумкин аст.
Л. хафвнок буда, боиси пайдоиши сарсом, энсефалит, миелит ва диг. бемориҳо гардад. Мариз бояд дар беморхона бистарӣ карда шавад. Л.-ро бо дору, баъзан бо ҷарроҳӣ табобат мекунанд.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …