Главная / Илм / ЛИМФА

ЛИМФА

limfaЛИМФА (аз лот. Lympha – оби тоза, намӣ), моеи беранги шаффоф, ки таркибаш ба плазмаи хун монанд буда, аз он бо камии сафедаҳо фарқ мекунад. Реаксияи Л. ишқорист (Рн 7,35 – 9,0), зичиаш 1,017 – 1,026.
Л. ҳуҷайраи бофтаҳоро бо ғизо таъмин карда, маҳсули мубодилаи моддаҳоро хориҷ менамояд. Пайдоиши Л. бо моеи бофтаҳо робитаи мустаҳкам дорад. Моеи бофтаҳо дар натиҷаи аз хун ба бофтаҳо муттасил гузаштани оксиген ва моддаҳои ғизоӣ ҳосил мегардад.Аз тарафи дигар, ба моеи бофтаҳо аз ҳуҷайраҳо дар натиҷаи мубодилаи моддаҳо маҳсуле ҷудо мешавад, ки як қисми он ба хун бармегардад, қисми дигар якҷоя бо моеъ ба мӯрагҳои лимфавӣ дохил шуда, Л. ҳосил мекунад.
Суръати ҷараёни Л. дар рагҳо суст аст (тақр. 300 мм/дақ.). Дар одам ва ҷонварони мӯҳрадори олиташаккул ҳаракати Л. ба тафовути фишор дар мӯрагҳои лимфавӣ (аз фишори атмосферӣ зиёд аст) ва маҷрои лимфагузар (аз фишори атмосферӣ паст аст), ҳамчунин ба кашиши мушакҳои скелет (ба рагҳои лимфавӣ тазиқ меоранд) ва ҳаракати девораи худи рагҳо вобаста аст. Клапанҳое, ки дар рагҳои лимфавӣ вуҷуд доранд, ба ҳаракати баръакси он монеъ мешаванд.
Таркибу хусусияти Л. аз моеи бофтаҳо ва плазмаи хун (миқдори ками сафеда, вазни хоси хурд, дараҷаи пасти часпакӣ ва ғ.) фарқ мекунад. Тахмин меравад, ки бадани одам 1 – 2 л лимфа дорад. Л. бо мӯрагҳо, рагҳо ва шохаҳои лимфавӣ ҳаракат карда, ба хуни сиёҳраг (вена) ҳамроҳ мешавад.
Худи лимфа аз моеъ (плазмаи лимфавӣ) ва унсурҳо иборат аст. Дар таркиби плазмаи лимфавӣ сафедаҳо, глюкоза, моддаҳои лимфавӣ, равған вуҷуд доранд. Ба унсурҳои таркиби Л. лимфоситҳо, моноситҳо ва баъзе навъҳои дигари лейкоситҳо мансубанд. Ҳангоми пурзӯр гаштани кори ҳар кадом узв дар он лимфа бештар пайдо мешавад. Ғайр аз ин, миқдору таркиби химиявии лимфа, аз ҷумла фоизи равғану сафедаи он, ба хусусияти мубодилаи моддаҳо ва фаъолияти узв вобаста аст. Мас., баъди истеъмоли таоми серравған, бинобар дар рагҳои лимфавии рӯда афзудани равған ранги Л. сафед мешавад. Л.-е, ки аз ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ ҷорӣ мегардад, миқдори муйяни гормонҳоро дорад. Миқдори зиёди лимфоситҳо ба Л. аз уқдаҳои лимфавӣ меоянд. Л. таввасути уқдаҳои лимфавӣ борҳо соф ва аз бактерияю зарраҳои ҳалношуда, ҳамчунин моддаҳои зарароваре, ки аз бофтаҳо ба он мегузарад, озод мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …