Главная / Илм / ЛИБОС

ЛИБОС

libosЛИБОС, номи умумии чизҳое, ки инсон мепӯшад. Л. тани одамро аз таъсири муҳит муҳофизат карда, ҳарорати баданро дар як дараҷаи муайян нигоҳ медорад. Ба мафҳуми Л. каллапӯш, пойафзол, дастпӯшак ва ғ. дохил мешаванд. Асбоби зинат ба Л. танҳо чизи иловагист. Л. баробари иқоматгоҳ ҳамчун яке аз василаҳои муҳофизат аз таъсири гуногуни беруна пайдо шуд.
Л. аз ҷумлаи ихтирооти қадимтарини инсон аст. Дар байни ёдгориҳои палеолити давраҳои охир тарошкордҳои сангӣ ва сӯзанҳои устухонӣ ёфт шудаанд, ки бо онҳо пӯст метарошиданд ва Л. медӯхтанд. Баробари пӯст барг, алаф, пӯстлохи дарахт низ ҳамчун Л. истифода мешуданд. Шикорчиён ва моҳигирон барои Л. пӯсти моҳӣ, рӯдаи ҳайвоноти баҳрӣ, пару пӯсти парандагонро низ истифода мебурданд. Инсон дар давраи неолит санъати ресидан ва бофтанро ёд гирифта, барои тайёр намудани Л. нахи растаниҳои худрӯйро ба кор мебурд. Давраи гузариш ба чорводорӣ ва деҳқонӣ ба одамон имконият дод, ки аз пашми чорвои хонагӣ ва нахи зироат (зағир, канаб, пахта) матоъ тайёр кунанд. Инсон то ихтирои Л. баданро бо пӯст ва миёну ронро бо чизҳои дигар мепӯшид. Сонитар хелҳои бисёри Л.: куртаҳои дарозу кӯтоҳ, чакман, яктаҳ, пешдоман, лунгӣ, поҷома пайдо шуданд. Кафши чӯбин ё хасин, инчунин порчаи пӯсти чорво, ки ба пой мепечонданд пойафзоли оддитарин ва қадимтарин буд. Каллпӯш ба ҷуз вазифаи асосиаш аз замонҳои қадим нишони рамзӣ низ буда, мансубияти иҷтимоии одамон (каллапӯши доҳиён, коҳинон, қаландарон) ва ғ.-ро нишон медод.
Л.-ро одатан мутобиқ ба муҳити географӣ тайёр мекунанд ва матоъаш низ вобаста ба иқлими минтақаҳои гуногун интихоб мешавад. Л.-и қадимтарини халқҳои минтақаи тропикии ҷангал (Африка, Америкаи Ҷанубӣ ва ғ.) рӯйпӯши миёну рон, пешдоман, китфпӯшак буд. Дар вилоятҳои хунуки мӯътадил ва ноҳияҳои арктикӣ Л. тамоми баданро мепӯшад. Л.- и минтақаҳои хунук ба Л.-и шимоли иқлимаш мӯътадил ва шимоли дурдаст тақсим мешавад, ки дуюмиро фақат аз мӯина медӯзанд. Барои халқҳои Сибир ду хели Л.-и мӯина – барои минтақаи наздишимолӣ нобурида, яъне бутун, ки аз сар мепӯшанд (эскимосҳо, чукчиҳо, ненесҳо ва ғ.), барои минтақаҳои ҷанубтар – бурида, яъне пешкушод (эвенкҳо, ёқутҳо ва ғ.) хос аст. Дар байни ҳиндиёни минтақаи ҷангалзори Америкаи Шимолӣ Л.- и чармини махсус паҳн шудааст: занон куртаи дароз, мардон курта ва эзори дароз мепӯшанд. Намудҳои Л. ба фаъолияти меҳнатии инсон вобаста аст. Дар замони қадим занону мардони чорводори бодиянишин Л.- и махсуси барои саворагардӣ мувофиқ – эзори васеъ ва ҷома мепӯшиданд. Минбаъд дар рафти инкишофи ҷамъият таъсири тафовути мавқеи ҷамъиятӣ ва оилавӣ ба Л. афзуд. Дар байни Л.-и мардону занон, духтарону занон фарқ пайдо шуд, Л.-ҳои рӯзмарра, идона, тӯёна, мотамӣ ва ғ. ба миён омадаанд. Мувофиқи тақсимоти меҳнат шаклҳои гуногуни Л.-ҳои косибӣ пайдо шуд. Л. аввалҳо махсусияти этникӣ (авлодӣ, қабилавӣ) ва минбаъд умумимиллии халқҳоро инъикос мекард. Дар Л., одатан, нобаробариҳои иҷтимоию иқтисодӣ зоҳир мегардад. Мас., матоъ, ороиш, дӯхти Л.-и бойҳо, деҳқонон, рӯҳониён аз якдигар фарқи калн доштанд. Л. завқи эстетикии аҳли ҷамъиятро низ инъикос мекунад. Хусусияти бадеии Л. ҳамчун намуди санъати ороишу амалӣ ва маҳсули амали бадеӣ аз он иборат аст, ки объекти эҷодиёти худи инсон мебошад. Л. бо одам вобастагии том дорад. Дар дӯхтан ва интихоби Л. ба таносуби аъзои бадан, синну сол, инчунин унсурҳои ҷузъии зоҳирии одам (қад, ранги мӯ, чашм ва ғ.) эътибор дода мешавад.
Зери Л. дар атрофи бадан ҳарорати якхела (28 – 320), намнокии кам (20 – 40%) нигоҳ дошта мешавад. Л. талафи гармиро кам карда, ба ин васила неруи организмро сарфа менамояд. Ғайр аз ин, вай пӯстро аз осеби механикӣ ва химиявӣ, ифлосӣ, чангу ғубор эмин медорад. Л. дар марҳалаи муайяни таърихӣ пайдо шуда, дар баробари манзил вобастагии одамро ба шароити иқлим кам кард, барои мавҷудият ва фаъолияти истеҳсолии ӯ имконият фароҳам овард.
Мутобиқат ба иқлим, шиддати кори мушакҳо, хусусиятҳои ҷинсӣ, синну сол, вазъи саломатӣ ва ғ. талаботи асосӣ ба Л. мебошад. Сохт ва андозаи Л. бояд ба тағйири обу ҳаво мувофиқ буда, ба озод нафас кашидан, гардиши хуну лимфа ва ҳаракат халал нарасонад. Ғайр аз ин Л. бояд ба талаботи муайяни техникӣ ва иқтисодӣ (пурдошт, арзон ва зебо) ҷавобгӯ бошад. Л. дар мавриди сармо бояд баданро гарм нигоҳ дорад. Аз ин рӯ, барои Л.-и зимистона матоъи вазнин ва ғафсро интихоб мекунанд.
Матои аз ҳад зиёд намкаш намиро аз бадан дур мекунад. Матоъҳои табиӣ (катонӣ, пахтагӣ, абрешимӣ ва ғ.) дорои ҳамин гуна хосият мебошаанд. Матоъҳои синтезиро ба сифати қабати берунии Л. истифода бурдан мувофиқи мақсад аст. Ҳангоми интихоби Л.-и ғафс бояд кӯшиш кард, ки пой, панҷаи даст, инчунин сар ва камар гарм бошанд. Барои пешгирии хунук хӯрдан аз Л.-и беҳад гарм (хусусан барои кӯдакон) худдорӣ бояд намуд, зеро он боиси арақ кардану тар шудани бадан мегардад.
Л.-и тобистона бояд баданро аз гармӣ муҳофизат кунад, аз матоъи пахтагин ё катонӣ дӯхта шавад. Л.-и аз матоъи тунуку кушодранг дӯхта касро аз шуои офтоб ҳимоя мекунад. Л.-и сокинони ноҳияҳои гармсер бояд баданро аз гармии тоқатфарсо эмин дорад. Аз нуқтаи назари беҳдошт барои онҳо аз матоъҳои катонӣ, пахтагӣ ва абрешимӣ тайёр кардани Л. айни муддаост. Матои синтезӣ зуд ифлос мешавад, барқ пайдо мекунад, нафаскашии пӯстро халалдор месозад ва боиси аллергия мегардад. Л.-и синтезиро зуд-зуд (мас., либоси тагро баъди 3 – 5 рӯз, ҷуроби капронро ҳар рӯз) шустан лозим аст.
Либоси кӯдакон бояд ҳавогузар ва васеъ бошад, баданро аз хунук хӯрдан ё бисёр гарм шудан эҳтиёт кунад. Л.-и кӯдаконро мувофиқи хусусиятҳои синну сол медӯзанд. Пӯсти кӯдак дар моҳҳои аввали ҳаёт нозук буда, метавонад зуд захмдор шавад. Бинобар ин, Л.-и кӯдакро аз матои нарми намкаш ва бе тугма медӯзанд. Аз матои синтезӣ дӯхтани Л.-и кӯдакони хурдсол ҷоиз нест, чунки он боиси дамидани гармича ва ангезиши пӯст мегардад.
Ҳар як кӯдак бояд дастрӯймолча дошта бошад. Онро барои гум нашудан ва тоза истодан бо резин ба кисача баста мемонанд. Комбинезони астараш гарм барои кӯдакони синни томактабӣ Л.-и бештар мувофиқ аст. Матои ғафси он бадани кӯдакро аз ҳавои сард муҳофизат мекунад. Аксаран ба сифати Л.-и рӯй палтои сабук ё зимистонаро истифода мебаранд. Агар ҳарорати ҳаво 5 – 100 бошад, ба кӯдакон пеш аз сайругашт ғайр аз либоси таг, куртаи нимтанаи остиндароз (ё свитер) ва шими пашмин (ё эзор), ба пояшон ҷӯроб мепӯшонанд. Вобаста ба обу ҳаво ба кӯдак ба ҷои свитери пашмин (ё куртаи нимтан) камзӯл (куртка)-и ғафс ё палтои сабук пӯшондан мумкин аст. Агар хунукии ҳаво 50 бошад, ба кӯдакон ғайр аз куртаи тагу костюми пашмин комбенизон ё камзули ғафси гарм (ё палтои сабук), кулоҳи пашмин ва дастпӯшак мепӯшонанд. Дар мавриди 100 будани ҳаво, пӯшондани палтои гарм, телпак, дастпӯшаки гарм ва мӯза зарур аст. Телпак, албатта, пешонӣ ва гӯши кӯдакро, ки ба сармо чандон тобовар нестанд, бояд пӯшонад.
Волидайн аксаран дар вақти сайругашт даҳону бинии кӯдакро бо рӯймол ё гарданбанд маҳкам мекунанд. Ин кор нодуруст аст, зеро кӯдак дар ин маврид бо бинӣ мӯътадил нафас гирифта натавониста, бо даҳон ҳавои сардро нафас мекашад. Ғайр аз ин, рӯймол зуд нам кашида, ҳисси нофорам пайдо месозад.
Ба Л.-и кӯдак ҷиддан нигоҳубин карда онро зуд-зуд шустан лозим аст. Ҳар як кӯдак бояд Л.-и алоҳида дошта бошад. Л.-и кӯдаконро дар моҳҳои аввали ҳаёт бояд албатта ҷушонид ва дарзмол кард; бо моддаҳои синтезӣ шустани Л.-и кӯдакон манъ аст. Ниг. низ Кӯдаки ширмак, Синни мактабӣ, Синни наврасӣ, Синни томактабӣ.
Либоси варзишӣ бояд ба фаъолияти организм (ҳангоми кори пуршиддати мушакҳо) мусоидат кунад, ба шароити обу ҳаво, давомот ва суръати машқҳои варзишӣ мувофиқ бошад. Л.-и варзишӣ бояд ба ҳаракат халал нарасонад, аз ҳад зиёд тунук ва аз ҳад зиёд сабук набошад, то ки варзишгар бисёр гарм нашавад ё хунук нахӯрад. Матоъи Л.-и варзишро аз матои сабук ва ҳавогузарон (барои зуд ихроҷ шудани арақ) медӯзанд. Он бояд арақро хуб ҷаббида, бемалол берун кунад. Талаботи номбурда махсусан барои Л.-и таг муҳим аст. Дар ин бобат Л.-ҳои трикотажӣ талаботи гигиениро бештар қонеъ мегардонанд; суфи хом ва карбос барои машғул шудан ба варзиш чандон мувофиқ нестанд. Л.-и варзишии зимистона бояд сабук бошад ва гармиро хуб нигоҳ дорад. Л.-ҳои барои машқ таъиншударо аз матои пахтагин, пашмин, трикотажи пашмин, матои синтезӣ медӯзанд. Ҳангоми кӯҳбароӣ ва походҳои туристӣ дар ҳавои сард Л.-и шамолгардон зарур аст; барои хунук назадани баъзе узвҳои бадан аз гӯшпӯшак, ҷӯроби пашмин ва ғ. истифода мебаранд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …