Главная / Илм / АЛВЕОЛА

АЛВЕОЛА

alveolaАЛВЕОЛА (аз лот. alveolus – чашмак, чуқурча, ҳубобча), 1) қисми интиҳои ғадуд, ки чашмакмонанд аст; онро атсинус низ меноманд; 2) қисми аъзои дастгоҳи нафас. Ҳубобчаи бо бофтаҳои пайвандӣ фароги- рифтаест, ки ба чавфи бронхиолаҳо кушо- да мешавад. Аз берун ба он капиллярҳои эндотелий, ки мубодилаи газро байни А. ва хун таъмин месозанд, часпидаанд; А.-ҳо «воҳид»-и хурдтарини шуш мебо- шанд. Онҳо шакли ҳубобчаро дошта аз ҳамдигар бо парда (ғафсиаш 2 – 8 мкм) чудо шудаанд. Шуши одами калонсол 600 – 700 млн. А. дорад. Девораи А.-ҳоро аз берун шабакаи мӯрагҳо (капиллярҳо), ки аз артерияи шуш оғоз меёбанд, фаро гирифтаанд. Сатҳи дохилии девораи А. бо эпителияи якқабата пӯшида шудааст. Дар А.-ҳо макрофагҳо низ мавчуданд. Онҳо ҳучайраҳои махсус буда, А.-ро аз таъсири сироят ҳифз менамоянд. Вазифаи А.-ҳо аз мубодилаи ҳаво иборат мебошад. Дар таркиби ҳавои А.-ҳо оксиген нисбат ба ҳавои хуни варидии мӯрагҳо зиёд, вале гази карбонат кам аст. Бинобар тафову- ти байни фишори газҳо оксиген ба хуни мӯрагҳои А. мегузарад; гази карбонат бо- шад, ба самти муқобил ҳаракат мекунад. Қутри мӯрагҳои А. нисбат ба қутри эрот- сит хурд аст. Дар натичаи ин эритроситҳо зери фишори хун ба А.-ҳо ворид гашта, деформатсия мешаванд; бештарин ҳиссаи сатҳи онҳо бо А. тамос пайдо мекунад. Ин имкон медиҳад, ки миқдори зиёди оксиген фурӯ бурда шавад; 3) дандонхонаи чоғ, ки решаи дандон чойгир шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …