Главная / Илм / АЛДЕГИДҲО

АЛДЕГИДҲО

aldegidiАЛДЕГИДҲО, пайвастҳои органикӣ. Дар таркиби худ гурӯҳи карбонили бо радикали органикӣ ва атоми гидроген пайваст доранд. А. дар спирт ва эфир хуб ҳал мешаванд. А. аз ҷиҳати химиявӣ хеле фаъоланд. А. зуд оксид шуда, ба кислотаҳо табдил меёбанд. Дар натиҷаи ба А. пайваст шудани гидроген, об, спирт, кислотаи сианид, бисулфати натрий ва ғ. мувофиқан спирти якумин, гидрати А., атсетал, сиангидрин ва ғ. ҳосил мешаванд. Аксари ин пайвастҳоро барои синтези моддаҳои муҳим кор мефармоянд. Дар амалияи тиб бевосита худи А. (формалин, паралдегид ва ғ.), ҳамчунин ҳосилаҳои онҳо – гексаметилентетрамин (уротропин) ва хлоралгидрад истифода мегарданд. А. моддаҳои заҳрноканд. Буғи А. луобпардаи чашм ва роҳи болои нафасро меангезад. А. таъсири нашъаовар низ доранд. Ю. Ҳ. Ҳоҷибоев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …