Главная / Илм / АЛВЕОКОККОЗ

АЛВЕОКОККОЗ

alveokkozАЛВЕОКОККОЗ (лот. Alveococcosis), эхинококкози алвеолавӣ, бемории гелминтиест аз гурӯҳи тениидозҳо. Ангезандаи беморӣ алвеококк (Echi- nococcus multilocularis) буда, дар рӯдаи борики ҳайвонот (сагу гурбаҳо, рӯбоҳ, гург ва ғ.) маскун аст. Дар организми одам кирминаҳои он чой мегиранд. Да- розии алвеококки болиғ 1,3 – 2,2 мм аст. Кирминаи он мисли ғудда (гиреҳ)-ест, ки ҳубобчаҳои сершумор дорад. Ҳубобчаҳо бо бофтаи фиброзӣ фаро гирифта шуда, аз моеъи зардчатоб ва сколекс (сарак)-и гелминтҳо иборат мебошанд. Ғуддаҳо бинобар ташаккул ёфтани ҳубобчаҳои нав тадричан калон мешаванд. Сироят тавассути хӯрокворие, ки бо тухму кир- минаи гелминт олуда шудааст, ба вуқӯъ мепайвандад. Ҳангоми тамос бо саг, пӯст кандани ҳайвоноти мӯинадеҳ, ошомида- ни оби чӯйу кӯлҳо, истеъмоли сабзавоти кӯҳу пушта низ сироят ёфтан мумкин аст. Аломатҳои беморӣ моҳҳо ва ҳатто солҳои дароз аз худ дарак намедиҳанд. Баъд дар зери қабурғаи рост дарди кунд ва эҳсоси гаронӣ ба вучуд меояд. Дар натичаи ка- фидани раги маркази ғудда мумкин чавфи иллат хуншор шавад. Дар чунин мавридҳо дард хуруч карда, бемор бинобар аз маҳсули тачзияи гелмент сироят ёфтани қисми осебдидаи чигар табларза менамояд. Ғуддаҳое, ки дар назди мачрои калони талха чой гирифтаанд, мумкин ба он фи- шор оварда, боиси сар задани зардпарвин, астсит, холангит гарданд.
А.-ро бо роҳи чарроҳӣ табобат меку- нанд. Дар мавриди сироятёбии такрорӣ антибиотикҳои доираи таъсирашон васеъ таъин карда мешаванд. Пас аз чарроҳӣ бемор дар муддати 5 сол зери мушоҳидаи диспансерӣ қарор мегирад. Оқибати беморӣ ба ташхису табобати саривақтии он вобаста аст. Бо мақсади пешгирии А. сагҳои дайдуро нест ва сагу гурбаҳои хонагии касалро табобат кардан лозим аст. Пеш аз истеъмоли хӯрок дастро бо оби гарм ва собун бояд тоза шуст. Меваю сабзавоти аз кӯҳу пушта чидаро низ нағз шустан лозим аст. Н. Б. Бердиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …