Главная / Илм / АЛАФИ САФРО

АЛАФИ САФРО

gratiola-officinalisАЛАФИ САФРО (Gratiola officinalis), думчагул, мӯрчагул, сафрогиёҳ, симун, гиёҳест бисёрсола. Аз 10 то 60 см қад мекашад. Решааш сершоха, бо пулакчаҳо пӯшида шудааст. Пояаш рост, сершоху барг. Баргаш нештаршакли бутун ё дандонадор. Гулаш то- қаи сафед, дар гулпояи дароз (8 – 20 мм), ки аз бағали баргҳо мебарояд, ҷойгир аст. Мевааш байзашакл, дорчинии сиёҳтоб; ғӯзааш сертухм. Тухмаш майдаи дарозрӯя, хокистарранг ё дорчинӣ. Моҳҳои май – июн гул мекунад. А. с. дар қади ҷӯйборҳо, соҳили дарёҳо, ҷойҳои сернам ва марғзорҳои обшор мерӯяд. Дар мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар атрофи шаҳри Душанбе, водии Ҳисор) вомехӯрад. Онро бо мақсади доруӣ дар давраи гулшукуфт чамъоварӣ намуда, дар рӯи коғаз ё матоъ ба ғафсии 3 – 5 см хушк мекунанд. Барои мағор назадан, онро вақт-вақт омехта кардан лозим аст. Появу бар- ги А. с. дар тибби мардумӣ ҳамчун давои киччарон, пешоброн, исҳоловар ва ҳангоми бемориҳои чигар, испурч, талха, истисқо, табларза, заъфи рӯда, бавосир, бемориҳои занона истифода мешавад. Марҳами аз он таҳияшударо ҳангоми бемориҳои ҳасба, хоришак, чароҳатҳои гуногун, устухонхӯрак, варами рагҳо ва ниқрис ба пӯст мемоланд. Барои табобати гастроэнтерит, илтиҳоби гурда ва масона низ нафъ дорад.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекар- ственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …