Главная / Илм / АЛБИНИЗМ

АЛБИНИЗМ

albinizmАЛБИНИЗМ (лот. albus – сафед), вучуд надоштани пигментатсияи муқаррарӣ дар одам (ранги муқаррарии мӯй, пӯст, пардаи чашм ва ғ.). А. аломати ирсӣ буда, аз мавчудияти гени ретсессивӣ, ки дар ҳолати гомозиготӣ синтези пигментҳо (меланин) – ро бозмедорад, вобастагӣ дорад. Дар одам коэффисиенти зуҳуроти А., яъне мавчуд будани гени А. дар ҳолати гомозиготӣ, баробари 1:20000 аст. Бино ба ақидаи олимон сабаби А. набудани ферменти тирозиназа, ки баҳри синтези меланин аҳамияти калон дорад, маҳсуб мешавад. Дар генҳое, ки ҳосил шудани тирозиназаро ба ӯҳда доранд, метавонанд ноқисиҳои гуногун рух намоянд.
Меланин дар меланосомаи меланоситҳо ташаккул меёбад. Меланоситҳо дар пӯст, мӯй ва бофтаҳои рангбахши чашм вуҷуд доранд. Дар мавриди А. ранги мӯй, пӯст, чашм тағйир меёбад; гоҳо фақат ранги чашм дигаргун мешаваду бас.
А. имкон дорад, ки боиси иллатҳои гуногун – наздикбинӣ, астигматизм, ҳассосияти баланд ба таъсири рушноӣ ва ғ. гардад. Пӯст ва мӯи ашхоси гирифтори А. сафед буда, чашмашон сурх метобад. А. дар байни ҳамаи халқиятҳо дучор меояд. Он хусусан дар байни сиёҳпӯстони Америкаи Шимолӣ, ҳиндиёни штати Аризона, Мексика, сокинони Ситсилия бештар ба мушоҳида мерасад. А. ҷузъӣ низ мешавад. Дар мавриди он дар пӯст доғҳои сафед ба вуҷуд меоянд, вале ранги аслии пӯст ва чашмон боқӣ мемонад (гоҳо ранги мӯй низ сафед аст). А. муолиҷа намешавад. Чунин одамон бояд худро аз таъсири офтоб ҳифз кунанд, ба чашм айнаки сиёҳ гиранд. Ҳ. Ҷ. Усмонова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …