Главная / Илм / АЛ-АДВИЯТУ-Л-МУФРАДА

АЛ-АДВИЯТУ-Л-МУФРАДА

asar«АЛ-АДВИЯТУ-Л-МУФРАДА», асари табиб ва гиёҳшиноси маъруфи Андалус Абӯчаъфар Аҳмад ибни Муҳаммади Ғофиқии Мағрибӣ (ваф. 1165). Ба забони арабӣ таълиф шудааст. Китоб дар боби худ беназир буда, боиси шӯҳрати муаллифаш дар Шарқу Ғарб гаштааст. Ғофиқӣ дар ин китоб ҳамаи он чиро, ки Дисқуридусу Ҷолинус пеш аз ӯ баён кардаанд, бо ибороти мучазу ба маънӣ тамомтар ёд карда, сипас ҳар навигариеро, ки олимони баъдӣ дар бораи доруҳои сода гуфтаанд, илова намудааст. Китоб бо сабки нигориш ва тартиби таълиф бесобиқа аст. Муаллиф китобро ба ду қисм тақсим кардааст. Дар қисми якум доруҳои сода, сифатҳои илмӣ ва хусусиятҳои тиббиву давоии онҳо, дар қисми дуввум истилоҳоти луғавие, ки дар китобҳои тиббиву дорушиносии араби- ву исломӣ чой доштанд, дарч ёфтаанд. Ҳамаи моддаҳои доругиву луғавӣ ба тар- тиби алифбо сабт ва ҳар як ҳарф ба исми боби китоб ёд шудааст. Чунин тарзи нигориш аз ибтикороти Ғофиқӣ буда, касе пеш аз ӯ ин гуна танзимро ба кор набурдааст. Ин ба муаллиф имконият дод, ки дар ки- тоб маводи бештареро ворид созад. Мас., дар ҳафт боби аввали китоб, яъне аз ҳарфи «алиф» то «зе» 1858 моддаи тиббӣ чой дода шудааст. Ғофиқӣ дар навиштани китоб аз сарчашмаҳои бисёр истифода бурда, тақр. 60 наф. муаллифони давраҳои гуногунро мавриди эътимод қарор додааст, ки аз ин миён муқаддамтари онҳо чаҳор нафаранд: Дисқуридусу Ҷолинуси юнонӣ ва Динаварию Розии форс. «А.» аз бози таълиф мавриди диққати алоқамандон қарор гирифта, ду маротиба аз он шакли мухтасарашро сохтаанд. Яке аз ин мухтасарҳо ба забони англисӣ тарчума шудааст. Худи китобро низ дар қадим бори аввал ба лотинӣ ва си- пас ба суриёнӣ тарчума кардаанд. Мутаассифона, аз ин китоб фақат ҳамин шаклҳои мухтасар ва тарчумаҳо боқӣ монда, асли он мафқудуласар ва гумшуда маҳсуб мешуд. Вале дар ибтидои садаи гузашта бо кӯшиши шарқшиносону нусхашиносон се дастхати қисми аввали китоб ёфт шудааст (яке дар Монтрияли Канада, дуюмӣ дар Қоҳира ва сеюмӣ дар Работ). Нусхаи беҳтарин (284 варақ) нусхаи Монтриял буда, ду боби аввали китоб, яъне аз ҳарфи «алиф» то «коф»-ро дар бар мегирад. Дар он 367 сурати доруҳои наботӣ, ҳайвонӣ ва маъданӣ кашида шудааст. Дастхати дар Работ буда, аз 200 варақ иборат аст ва ҳафт боби аввали китоб, яъне аз «алиф» то «зе»-ро дар бар мегирад.
Ад.: Абдулҳайи Ҳасанӣ, «Ас-Сақофату-л- исломияту фӣ-л-Ҳинд», Димишқ, 1983; Риёз Ра- м а з о н , «Ад-Даво мин фачри-т-таърих ила-л-явм», Кувейт, 1988. С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …