Главная / Илм / АЛ-АСБОБ ВА-Л-АЛОМОТ

АЛ-АСБОБ ВА-Л-АЛОМОТ

asar«АЛ-АСБОБ ВА-Л-АЛОМОТ», асари Абулҳасан Саъид ибни Ҳибатуллоҳи Бағдодӣ (1044 – 1101) дар боби тиб. Китоб дар баёни сабабҳову нишонаҳои та- моми бемориҳову иллатҳои инсон буда, муаллиф онро дар Бағдод барои халифаи аббосӣ ал-Муқтадӣ биамриллоҳ таълиф кардааст. Асар аз 83 боб иборат мебошад.
«АЛ-АСБОБ ВА-Л-АЛОМОТ», асари Наҷибуддин Абӯҳомид Муҳаммад ибни Алӣ ибни Умари Самарқандӣ (ваф. 1222). Ба забони арабӣ таълиф шудааст. Муаллиф дар ин китоб ҳамаи иллату бемориҳои ҷузъиро як ба як бо аломатҳову сабабҳояшон зикр карда, барои ҳар кадом ба тариқи мухтасар даво овардааст. Ба китоб Бурҳониддини Кирмонӣ, ки аз та- бибони замони Улуғбек буд, шарҳи бисёр равону возеҳ навиштааст.
Ад.: Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии- л-кутуб ва-л-фунун», Лубнон, 2007.
С. Шаҳобуддинов

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …