Главная / Илм (страница 175)

Илм

АДИБ ИСМОИЛ

images

АДИБ ИСМОИЛ, табиб ва файласуфи а. 12 форс-тоҷик. Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар китоби худ «Чаҳор мақола» доир ба тарзи табобати ӯ чунин ҳикоя овардааст: «Дар аҳди Маликшоҳ ва баъзе аз аҳди Санҷар файласуфе буд ба Ҳирот ва ӯро Адиб Исмоил гуфтандӣ. Марде сахт бузург ва фозилу комил, аммо асбоби ӯ …

Муфассал »

АДИНАМИЯ

adinamiya

АДИНАМИЯ (аз юн. adynamia – бема- дорӣ), якбора беқувват шудани инсонро гӯянд. Ҳангоми бемориҳои вазнини сироятӣ, бемории бардавоми беҳолкунанда, гуруснагӣ кашидан ва ғ. мушоҳида мешавад. Дар баробари А.-и умумӣ А.-и узвҳои ҷудогона низ ба мушоҳида мерасад. Сабаби он таъсири боздорандаи асаб, осеб ёфтан ё хароб гаштани унсурҳои фаъолияти онҳо мебошад. …

Муфассал »

АДНЕКСИТ

adneksit

АДНЕКСИТ (Adnexitis; аз лот. adn¬exa – зоид), салпингоофорит, газаки зоидҳои бачадон (лӯлаҳои бачадон ва тухмдон). Микробҳои гуногуни беморизо – стафилококкҳо, стрептококкҳо ва ғ. боиси А. мегарданд. Баъзан А. ҳангоми ба бачадон дохил кардани моддаҳои гуногуни химиявӣ (мас., йод, спирт) низ пайдо мешавад. Микробҳо ба зоидҳои бачадон аз маҳбалу бачадон (дар …

Муфассал »

АДРЕНАЛИН

adrenalin

АДРЕНАЛИН (Adrenalinum; аз лот. ad – назди ва renalis – гурдагӣ), гормони ғадуди болои гурда. Массаи мол. 183; моддаи кристаллии сафед; аз чиҳати оптикӣ фаъол аст. Дар оби гарм, кислотаҳо ва ишқорҳо ҳал мешавад. Моддаи ноустувор буда, ба ҳосилаҳои гуногун табдил меёбад. А. аввалин гормонест, ки дар ҳолати кристаллӣ чудо …

Муфассал »

АДСОРБСИЯ

adsorbsiya

АДСОРБСИЯ (аз лот. ad – ба, назди ва sorbeo – меҷаббам), дар сатҳи моддаи сахт ё моеъ (адсорбент) ҷаббида шудани газ ё маҳлул (адсорбат). Mac., агар ба маҳлули обии кислотаи сирко як порча ангишт андохта шавад, молекулаҳои кислотаи сирко дар сатҳи ангишт А. шуда, миқдори кислота дар маҳлул мекоҳад. А. …

Муфассал »

АЗИЗОВ Аъзам Азизович

images

АЗИЗОВ Аъзам Азизович (тав. 01.05. 1936, деҳаи Кавраки ноҳ. Рашт), ҷарроҳи кӯдакон, доктори илми тиб (1997), проф. (1997), акад. Академияи инженерии ҶТ (аз с. 2005), Аълочии тандурустии ИҶШС (1986), Корманди шоистаи Точикистон (2001). Хатмкардаи ДДТТ (1960). Ҷарроҳ (1960 – 62) ва сардухтури Беморхонаи марказии ноҳ. Ҷилликӯл (1962 – 64), духтур …

Муфассал »

АЗОНОВ Ҷаҳон

images

АЗОНОВ Ҷаҳон (тав. 25. 01.1951, деҳаи Лоҳури ноҳ. Данғара), дорушинос, доктори илмҳои тиб (1995). Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002). Омӯзишгоҳи тиббии ш. Кӯлоб (1969) ва ДДТТ-ро хатм кардааст (1979). Мудири бунгоҳи тиб- бии деҳаи Лоҳури ноҳ. Данғара (1969 – 73), ассистенти кафедраи таърихи тиб ва бехдошти ичтимоии ДДТТ, аспирант, ходими илмӣ …

Муфассал »

АЗОТЕМИЯ

azotemija

АЗОТЕМИЯ (Azotaemia; аз юн. Azoos беҳаёт ва гемо…), дар таркиби хун барзиёд будани маҳсули мубодилаи нитроген: карбамид, асиди пешоб, креатин, креатинин ва ғ. Сабаби асосии А. ба таври кофӣ фаъолият накардани гурдаҳост. А. метавонад ба фаъолияти гурдаҳо низ робита надошта бошад, мас., бинобар таҷзияи зиёди сафедаҳо (дар аснои сӯхтагӣ), бо …

Муфассал »

АЙНАК

aynak

АЙНАК, асбоби оптикист барои ислоҳи нуқси босира ё муҳофизати чашм. Он аз шиша (линза) ва чанбарак иборат аст. Тавассути чанбарак шишаҳои А. нисбат ба сатҳи чашм дуруст ҷойгир мешаванд ва камонаку воситаҳои диг. А.-ро дар ҳолати муайян нигоҳ медоранд. Чанд хели А. мавҷуд аст: агар яке нуқси оптикии чашмро ислоҳ …

Муфассал »

АКАДЕМИЯИ ГУНДИШОПУР

akademiya

АКАДЕМИЯИ ГУНДИШОПУР, Донишгоҳи Гундишопур, мактаби тиббӣ, гаҳвораи тибби илмии форсу точик. А.-ҳои 3-7 дар Гундишопур фаъолият дошт. Бо дастури Шопури аввалписари асосгузори сулолаи Сосониён Ардашери Сосон бунёд ёфта буд. Пештоқи дарвозаи шаҳрро навиштачоти «Донишу хирад аз шамшер зӯртар аст» оро медод. Устодони А. Г. асарҳои табибони Юнону Ҳиндро ба забони …

Муфассал »