Главная / Илм / АЛАФИ ГУНҶИШК

АЛАФИ ГУНҶИШК

herniaria_glabraАЛАФИ ГУНҶИШК (Herniaria glabra), д а б б а г и ё ҳ, гиёҳест бисёрсолаи худрӯй. Пояи аз бех шохаронда (то 25 см), барги дарозрӯяи байзашакл ё мудаввар, гули майдаи зард дорад. Баҳорон гул карда, тирамоҳ тухм мебандад. Дар Тоҷикистон дар кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Дарвоз ва ноҳияҳои ҷануби ҷумҳурӣ дар ҷойҳои санглоху регзори соҳили дарёҳо, нишебиҳои кӯҳ, дашту саҳро ва заминҳои партов, канори роҳ (дар баландии 800 – 2400 м аз с.б.) мерӯяд. Бо мақсади доруӣ А. г.-ро дар давраи гулшукуфт меғундоранд. Дар тибби халқӣ баргу пояи онро чун доруи пешоброн, барои та- бобати обхӯра (истисқо), бемориҳои шушу гурда, тарбод, сил, бронхит, илтиҳоби банд, иллати узвҳои ҳозима, ниқрис ва сӯзок истифода мебаранд. Бо он захмҳои гуногунро даво мекунанд. Дар амалияи тибби муосир чойи А. г. чун давои пешоб- рон тавсия шудааст. Барои ин 2 қошуқча баргу пояи хушки онро дар як истакон оби ҷӯш андохта то хунук шуданаш нигоҳ медоранд ва рӯзе 3 – 5 маротиба якқошуқӣ менӯшанд. Нақеъи А. г. дар мавриди осеби ҳавзакҳои гурда ва пешоброҳа, хориҷ кар- дани санги масона (пешобдон) нафъ дорад. Барои ин 3 қошуқчаи онро дар 2 истакон оби ҷӯш (вояи шабонарӯзӣ) 15 дақиқа андохта мемонанд ва сипас менӯшанд.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекар- ственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …