Главная / Илм (страница 169)

Илм

БУЗҒУНҶ

buzgunch

БУЗҒУНҶ, бузғинҷ, ғунҷ, ҷинҷак, галла, як навъ омоси узвҳои растаниро гӯянд, ки дар натиҷаи аз таъсири оби даҳони ангезандаҳо (бактерияҳо, кирму кана) зуд тақсим ва калон шудани ҳуҷайраҳои паренхима ба вуҷуд меояд. Б. барои ангезандаҳо муҳити ғизо ва сукунат аст. тақр. 15 ҳаз. Б.-ҳои гуногуншакл маълуманд, ки бештар дар узвҳои …

Муфассал »

БУҚРОТ

hippokrates

БУҚРОТ (муарраби Hippokrates), Ибуқрот, Гиппократ (460, ҷаз. Кос – 377 то м., Фессалия), ҳаким ва мутафаккири Юнон. Яке аз асосгузорони тибби антиқӣ, асосгузори усули ташхиси клиникӣ дар тиб. Б. тибро аз падараш (Гераклид) ва дар мактаби тиббии ҷаз. Кос омӯхтааст. Модари Б. – Фенарета момодоя буд. Б. баъди фавти волидон …

Муфассал »

БУЛИМИЯ

bulumiya

БУЛИМИЯ (Bulimia; аз юн. bu (s) – буққа ва limos – гуруснагӣ), эҳсоси ноҷури гуруснагӣ. Б., одатан, боиси бисёр истеъмол кардани ғизо мешавад (полифагия). Сабаби асосии Б. ихтилоли фаъолияти маркази ташаккули ҳисси гуруснагӣ, иштиҳо ва серӣ бинобар бемориҳои асабҳои марказӣ (энсефалит, омоси чуқурчаи қафои ҷумҷума), ноҷӯриҳои рӯҳӣ (кататония, олигофрения) ва …

Муфассал »

БУЛУТ

bulut

БУЛУТ (Quercus), дарахтест худрӯй ва боғӣ. Б. дарахти қадбаланд (35 – 40 м) аст; қутраш 1 – 1,5 м; 500 (баъзе намудҳояш то 2000) сол умр мебинад. Танааш рост, баъди 30 – 35 сол бо пӯстлохи хокистарранги тира пӯшида мешавад. Баргаш пармонанд, гулаш майдаи ҷудоҷинса; баробари кушода шудани баргҳо мешукуфад. …

Муфассал »

БУРДЕНКО Николай Нилович

burdenko

БУРДЕНКО Николай Нилович (3. 6. 1876, деҳаи Каменка, ҳоло вил. Пенза – 11. 11. 1946, Москва), ҷарроҳи шӯравӣ, яке аз асосгузорони нейрохирургия, акад. АФ ИҶШС (1939), акад. ва аввалин президенти АИТ ИҶШС (1944 – 46), генерал-полковники хизмати тиббӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1943). С. 1906 Донишгоҳи Юрев (ҳоло Тарту)-ро хатм намуд. …

Муфассал »

БУРСИТ

bursitis

БУРСИТ (Bursitis; аз лот. bursa – калта), газаки халтачаҳои луобдори банду буғум. Бештар дар атрофи бандҳои оринҷ, китф, зону, соқу панҷаи по, косу рон ба вуҷуд меояд. Б. шадид ва музмин мешавад. Б.-и шадид, одатан, дар натиҷаи зарбу лат, харошёбӣ, ҷароҳати хурди буғумҳо ё чун оризаи бемориҳои римнок (мас., пучак), …

Муфассал »

БУРЪУ-С-СОЪА

asar

«БУРЪУ-С-СОЪА» (Муолиҷаи фаврӣ), асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865 – 925). Ба забони арабӣ таълиф шудааст. Аз 24 боб иборат буда, муаллиф онро барои вазир Абулқосим ибни Абдуллоҳ навиштааст. Дар қадим аз тарафи шахси номаълуме ба форсӣ тарҷима шудааст. Нусхаҳои хаттии зиёде аз ин китоб ба арабӣ ва форсӣ …

Муфассал »

БУСИР

verbascum_thapsus

БУСИР (Verbassum thapsus), бурмис, думи гов, марги моҳӣ, гиёҳест дусола. Аз 30 то 180 см қад мекашад. Пояаш рост, сербарг. Баргҳои назди решааш дарозрӯяи яклухт, баргҳои мобайнӣ байзашакл, баргҳои назди гул дарозрӯяи нӯгтез. Гулаш зард, дар хӯшагули сараки поя ҷойгир аст. Ғӯзааш байзашакл, тухмаш майдаи бӯртоб. Июн – авг. гулу …

Муфассал »

БУТАРИ

rodnik

БУТАРИ, чашмаи минералӣ. Тақр. 1 км ҷан. – шарқтари шаҳраки Чоруқдарон дар сои чуқуре ҷой гирифтааст. Дебиташ – 0,31 л/сон., ҳарор. обаш – 150С. Дар таркиби оби чашма сулфатҳо, гидрокарбонатҳо, натрий, калсий ва диг. элементҳо мавҷуданд. Ҳамчунин каме радон, уран ва ба миқдори зиёд нитратҳо (113 мг/л) дорад. Бино ба …

Муфассал »

БУХТИШӯЪ

iso

БУХТИШӯЪ («Наҷотёфтаи Исо»), хонадони маъруфи масеҳиёни настурии Эрон, ки афроди он ба тиббу табобат машғул буда, дар ибтидои хилофати аббосиҳо риёсати бемористони Гундишопурро бар ӯҳда доштанд. Машҳуртарин шахсиятҳои ин хонадон Бухтишӯъ ибни Ҷурҷис, Ҷабраил ибни Бухтишӯъ, Ҷурҷис ибни Бухтишӯъ, Убайдуллоҳ ибни Ҷабраил, Яҳё ибни Бухтишӯъ ва ғ. мебошанд. Ад.: Муҳаммад …

Муфассал »