Главная / Илм / БУРСИТ

БУРСИТ

bursitisБУРСИТ (Bursitis; аз лот. bursa – калта), газаки халтачаҳои луобдори банду буғум. Бештар дар атрофи бандҳои оринҷ, китф, зону, соқу панҷаи по, косу рон ба вуҷуд меояд. Б. шадид ва музмин мешавад.
Б.-и шадид, одатан, дар натиҷаи зарбу лат, харошёбӣ, ҷароҳати хурди буғумҳо ё чун оризаи бемориҳои римнок (мас., пучак), инчунин остеомиелит, грипп, брутселлёз, сӯзок ва ғ. инкишоф меёбад. Б.-и музмин бинобар ангезиши бардавоми механикии банду буғумҳо дар кӯҳкорон, ҳаккокон, пардозгарони фарш, паркетсозон, боркашҳо, варзишгарон ва ғ. ба амал меояд.
Ҳангоми Б.-и шадид атрофи банд сурх шуда, варами андак сахту дардноки пур аз моеъ пайдо мешавад. Дар ин маврид буғум камҳаракат, ҳарорати бадан баланд ва авзои умумии бемор бад мегардад. Дар аснои шиддат ёфтани беморӣ, газак ба буғум (ниг. Артрит) ё бофтаҳои нарм мегузарад ва боиси ба вуҷуд омадани флегмона мешавад; дар ҳолатҳои кӯҳна гаштани Б. носурҳое пайдо мешаванд, ки дер шифо меёбанд (гоҳо ба ҷарроҳӣ даст мезананд). Бинобар ин баробари рух намудани нишонаҳои аввалини беморӣ ба духтур муроҷиат кардан зарур аст.
Дар мавриди Б.-и музмин ҳаракати дасту по қатъ намешавад, вале он муолиҷаи ҳатмиро талаб мекунад (боиси корношоямии муваққатӣ шуданаш мумкин аст).
Барои пешгирии Б. дар вақти кор ҳатталимкон аз асбобҳои муҳофиз истифода бурдан лозим аст. Дар мавриди иллат ёфтани пӯсти атрофи буғум ба он спирт, йод ва ғ. молида, бо дока мебанданд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …