Главная / Илм (страница 140)

Илм

ГИПОХЛОРГИДРИЯ

gipokhlorigidriya

ГИПОХЛОРГИДРИЯ (Hypochlorhydria), кам шудани миқдори кислотаи хлориди озод дар шираи меъда. Г., одатан, аломати осеби узвӣ (гастрити музмин, полипоз, саратони меъда) ё ихтилоли фаъолияти меъда мебошад. Г. метавонад бидуни ягон аломат сурат гирад ё бо андаке нишонаҳои ихтилоли тағзия (камиштиҳоӣ, оруғ, исҳол), нофорамии шир ва ғ. падид ояд. Ниг. низ …

Муфассал »

ГИРСУТИЗМ

girsutizm

ГИРСУТИЗМ (Hyrsutismus; аз лот. hirsutus – мӯйдор), аз ҳад зиёд мӯй баровардани занҳо. Ҳангоми Г. дар занҳо бурут ва риш мебарояд; дар дасту по ва тан мӯйҳои сершумор месабзанд. Сабаби Г. асосан афзудани тарашшӯҳи усораи ғадудҳои таносули мардон – андрогенҳо ё зиёд шудани ҳассосияти бофтаҳо нисбат ба он аст. Г. …

Муфассал »

ГИРУДИНОЗ

gurudinoz

ГИРУДИНОЗ (Hirudiniasis; аз лот. hirudo, hirudinis – шуллук), беморие, ки бинобар ба пӯст ё ҷавфи гуногуни организм (мас., роҳи нафас, роҳи меъдаю рӯдаҳо) часпидани шуллук ба вуҷуд меояд. Шуллук ба организми одам ҳангоми ошомидани оби ҳавзу кӯлҳо, ҷӯйбор, оббозӣ кардан ё пои бараҳна гаштан дар шибарзаминҳо роҳ меёбад. Шуллук гирудин …

Муфассал »

ГИРУДОТЕРАПИЯ

girudoterapiya

ГИРУДОТЕРАПИЯ (Hirudotherapia), шуллукшифоӣ, муолиҷа ба тавассути шуллук. Г. таърихи хеле қадима дорад. Асосгузори он Никандр аз Колофон мебошад (с. 100 – 130 то м.). Асарҳои аввалинро оид ба шуллукшифоӣ Буқрот, Ҷолинус ва Абӯалӣ ибни Сино навиштаанд. Олими машҳури рус Н.И. Пирогов ба Г. эътибори хос медод. Г. ҳамчун усули иловагии …

Муфассал »

ГИСТАМИН

gistamin

ГИСТАМИН, моддаи аз нигоҳи физиологӣ фаъол; мансуби гурӯҳи аминҳои биогенӣ аст. Г. дар организм аз аминокислотаҳо – гистидин ҳосил мешавад; он ба миқдори зиёд дар ҳуҷайраҳои захим (фарбеҳ) низ вуҷуд дорад. Г. камубеш ба воситаи ғизо ҳам ба организм ворид мешавад. Г. дар таркиби хун асосан дар шакли пайвасти ғайрифаъол …

Муфассал »

ГИСТЕРОСКОПИЯ

gisteroskopiya

ГИСТЕРОСКОПИЯ (юн. hystera – бачадон ва skopeo – муоина кардан), муоинаи даруни бачадон ба воситаи гистероскоп. Г.-ро духтур дар беморхона ба ҷо меорад. Онро бо мақсади ташхиси нуқси инкишофи бачадон, часпидагиҳои бачадонӣ, миомаи зери луобпарда, эндометриози даруни бачадон, полипҳо ва саратони эндометрия кор мефармоянд; он ҳамчунин барои назорати сифати тароши …

Муфассал »

ГИСТИДИН

gistidin1

ГИСТИДИН, аминокислотаи гетеросиклӣ, яке аз 20 аминокислотаҳое, ки протеин ҳосил мекунанд. Дар об нағз, дар этанол бад ҳал мешавад; дар эфир ҳал намешавад. Г.-ро ба таркиби бисёр доруҳои витаминӣ илова мекунанд. Г. яке аз аминокислотаҳои муҳим баҳри сабзишу барқарор шудани бофтаҳо аст. Миқдори он дар таркиби гемоглобин бисёр мебошад. Г.-ро …

Муфассал »

ГИСТИОСИТҲО

gistiositho

ГИСТИОСИТҲО (аз юн. histion – бофта ва kytos – ҷойгоҳ; дар ин ҷо ҳуҷайра), ҳуҷайраҳои пӯлаи бофтаҳои пайвандии ҷонварони мӯҳрадор ва одам. Г. дар организм вазифаи муҳофизатро иҷро мекунанд. Онҳо заррачаҳои гуногун, аз ҷумла бактерияҳоро дошта ҳазм менамоянд. Г. дар аснои ангезишҳои гуногун, мас., ҳангоми аксуламалҳои илтиҳобӣ фаъол гашта, ба …

Муфассал »

ГИСТОЛОГИЯ

gistologiya

ГИСТОЛОГИЯ (Histologia; аз юн. histos – бофта ва …логия), бофташиносӣ, як соҳаи морфология, ки сохтор, инкишоф ва фаъолияти бофтаҳои ҳайвоноти серҳуҷайра ва одамро меомӯзад. Г. бо ситология (таълимот дар бораи ҳуҷайра, сохт ва фаъолияти он) зич алоқаманд аст. Сохти ҳар як бофта дар ҷараёни онтогенез (такмили фардии организм, ки аз …

Муфассал »

ГИСТОПЛАЗМОЗ

gistoplazmoz

ГИСТОПЛАЗМОЗ, бемории Дарлинг, ситомикози Дарлинг, микози амиқ; аксар боиси иллати шуш ва узвҳои дигар мегардад. Ангезандаи Г. занбӯруғи Histoplusma capsulatum мебошад. Дар хоки нам ва об то 6 ҳафта маҳфуз мемонад. Одам дар натиҷаи ба роҳи нафас афтодани спораҳои занбӯруғ сироят меёбад. Ҳолатҳои аз одам ба одам сироят намудани ангезаи …

Муфассал »