Главная / Теги: Тиб (страница 28)

Теги: Тиб

ЛАРИНГИТ

laringit

ЛАРИНГИТ (Laryngitis; аз юн. larynx – ҳалқ), газаки ҳанҷара, илтиҳоби луобпардаи ҳалқ. Л. шадид ва музмин мешавад. Л.-и шадид бештар ҳангоми илтиҳоби роҳҳои болоии нафас, грипп, сурхча, махмалак, сурфакабутак ва ғ. ба вуҷуд меояд. Хунук хӯрдани бадан, хусусан тавассути даҳон нафас кашидани ҳавои сард, ҳангоми сармо муддати дароз ва бо …

Муфассал »

ЛАРИНГОСПАЗМ

laringospazm

ЛАРИНГОСПАЗМ (Laryngospasmus; юн. larynx, laryngos – ҳанҷара ва спазм), ташаннуҷи ногаҳонӣ ва хуруҷмонанди мушакҳои ҳанҷара, ки боиси танг ва баста шудани роғи нафаскашӣ мегардад. Сабаби Л. ангезиши сахти дастгоҳи асабу мушакии ҳанҷара аст. Л. бештар дар кӯдаконе, ки ғизои сунъӣ истеъмол мекунанд, ҳангоми ихтилоли мубодилаи моддаҳо, дар организм нарасидани намакҳои …

Муфассал »

ЛАРИНГОСТЕНОЗ

laringostenoz

ЛАРИНГОСТЕНОЗ (Laryngostenosis; юн. larynx, laryngos – ҳанҷара ва stenosis – танг шудан), беҳад танг шудани сӯрохи ҳанҷара, ки боиси бо душворрӣ гузаштан ё умуман гузашта натавонистани ҳаво мегардад. Л. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. Сабаби Л.-и модарзодӣ калон будани ғадуди ҷоғар, тератома ва диг. омосҳое, ки дар назди ҳанҷара ҷой гирифтаанд, …

Муфассал »

ЛАТЕРГИЯ

latergiya

ЛАТЕРГИЯ (Latergia), марги дурӯғин, як ҳолати хоби ғайримуқаррарӣ. Дар мавриди Л. падидаҳои физиологии ҳаёт суст шуда, мубодилаи моддаҳо хеле коҳиш меёбад, нисбати таъсири ангезаҳо аксуламал нест мегардад. Дараҷаи амиқии Л. гуногун аст. Дар ҳолатҳои сабук фақат беҳаракатӣ, нафасгирии бомаром, сустии мушакҳо ба назар мерасанд; дар ин маврид чашмҳо пӯшида мебошанд. …

Муфассал »

ЛАТТАХОР

lattakhor

ЛАТТАХОР (Onopordum acanthium), латтахорак, хори каррок, гиёҳест дусола. Аз 50 то 200 см қад мекашад. Пояи рости сершохча, барги хордори байзашакл, гули арғувонии найчамонанд, тухми сиёҳи холдор дорад. Гулаш июн – авг. мешукуфад. Чун алафи бегона дар боғу киштзор, замини партов, канори роҳу лаби ҷӯй ва ғ. мерӯяд. Дар тибби …

Муфассал »

ЛАТХӯРӣ

latkhuri

ЛАТХӯРӣ (Contusio, contusum), лат. зарбхӯрӣ, осеб ёфтани бофтаҳои нарм бидуни даридани пӯст. Л. аз зарбаи ягон чизи кунд ё афтодан ба ягон ҷои сахт ба амал меояд. Бештар пӯст, насҷи зери пӯст, мушакҳо, устухонпарда (қисми соқи по, равоқи косаи сар) лат мехӯрад. Дард ва варамидани ҷои осебдида аломати асосии Л. …

Муфассал »

ЛАҶОМАК

lachomak

ЛАҶОМАК (Angulus infectiosus), бемории сироятии луобпарда ва пӯсти кунҷи даҳон. Л. ҳангоми норасоии витамини В2 дар организм, амрози милки дандонҳо, бисёр истеъмол кардани хӯрокҳои турш ва тунду тез, фаровон ҷудо шудани оби даҳон, нигоҳубин накардан ба тозагии даҳон инкишоф меёбад.Стрептококкҳо ё занбӯруғҳои микроскопии пӯсту луобпардаҳо сабаби Л. мегарданд. Бештар кӯдакон …

Муфассал »

ЛЕВИНСОН Александра Яковлевна

nophoto

ЛЕВИНСОН Александра Яковлевна (1905, Москва – 1984, Душанбе), психиатр, доктори илми тиб (1969), проф. (1971). С. 1921 Ун-ти 1-уми давлатии Москваро хатм кардааст. С-ҳои 1926 – 40 ординатор ва аспиранти Ин-ти тиббии 1-уми Москва ва ходими калони илмии Ин-ти психиатрияи ФР буд. Корманди илмии Ин-ти марказии психиатрияи судии ба номи …

Муфассал »

ЛЕВОМИТСЕТИН

levomitcetin

ЛЕВОМИТСЕТИН (Laevomycetinum), як навъ дору. Хокаи сафед ё сафеди зардча буда, таъми талх дорад. Дар об бад, дар спирт хуб ҳал мешавад. Л. антибиотики доираи таъсираш васеъ буда, бисёр бактерияҳои граммусбат ва грамманфӣ, риккетсияҳо, спирохетҳо, вирусҳо (ангезандаҳои трахома, пситаккоз, лимфогранулематози қадкашак) ва ғ.-ро маҳв месозад. Он ҳамчунин ба штамми бактерияҳое, …

Муфассал »

ЛЕГИОНЕЛЛЁЗ

legionelyoz

ЛЕГИОНЕЛЛЁЗ, бемории легионерҳо, бемории шадиди сироятӣ, ки микроорганизмҳои гуногун аз ҷинси Legionella ба вуҷуд меоранд. Намояндаи маъмули он L. pneumophila мебошад. Намудҳои дигари легионеллаҳо, ки бемориҳои гуногуни аъзои нафаскаширо пайдо мекунанд, зери номи умумии «легионеллёзҳо» муттаҳид гаштаанд. Ангезандаи Л. с-ҳои 70-уми а. 20 ошкор шудааст. С. 1976 Л. дар Филаделфия …

Муфассал »