Главная / Илм / ЛЕВИНСОН Александра Яковлевна

ЛЕВИНСОН Александра Яковлевна

nophotoЛЕВИНСОН Александра Яковлевна (1905, Москва – 1984, Душанбе), психиатр, доктори илми тиб (1969), проф. (1971). С. 1921 Ун-ти 1-уми давлатии Москваро хатм кардааст. С-ҳои 1926 – 40 ординатор ва аспиранти Ин-ти тиббии 1-уми Москва ва ходими калони илмии Ин-ти психиатрияи ФР буд. Корманди илмии Ин-ти марказии психиатрияи судии ба номи В.П. Сербский (Москва; 1940 – 41), хидмат дар сафҳои артиши амалкунанда (1941 – 42), ассистенти калони клиникаи психиатрии вил. Москва (1943 – 48). Баъдан дар ш. Балхаш духтури бемориҳои рӯҳӣ буд. Дотсент, мудир ва проф. кафедраи психиатрияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1956 – 84). Муаллифи зиёда аз 80 асару мақолаҳои илмӣ. Тадқиқоти Л. асосан ба масоили психиатрияи клиникӣ ва психопатологияи шизофрения бахшида шудаанд. Дар мавзӯи шизофренияи сиркулярӣ рисолаи докторӣ дифоъ кардааст.
Ос.: Циркулярная шизофрения (клиника, психопатология, распознавание), Д., 1968.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …