Главная / Илм / ЛАТХӯРӣ

ЛАТХӯРӣ

latkhuriЛАТХӯРӣ (Contusio, contusum), лат. зарбхӯрӣ, осеб ёфтани бофтаҳои нарм бидуни даридани пӯст. Л. аз зарбаи ягон чизи кунд ё афтодан ба ягон ҷои сахт ба амал меояд. Бештар пӯст, насҷи зери пӯст, мушакҳо, устухонпарда (қисми соқи по, равоқи косаи сар) лат мехӯрад. Дард ва варамидани ҷои осебдида аломати асосии Л. аст. Дард дар лаҳзаҳои аввал сахт буда, баъди чанд дақиқа хеле кам мешавад. Баъди 2 – 3 рӯз ё дертар ҷои латхӯрда варам мекунад, ки он ба обварами бофтаҳои латёфта, ҳангоми Л.-и вазнин бошад, ба кафидани рагҳои хурди хун вобаста аст. Дар сурати кафидани хунрагҳо дар ҷои латёфта хуномос (гематома) пайдо мешавад. Ба андозаи торафт калон шудани варам дард имкон дорад такроран хуруҷ ёбад. Баъзан Л. боиси ихтилоли муваққатии фаъолияти узвҳо мегардад, мас., ҳангоми сахт лат хӯрдани қафаси сина нафаскашӣ номураттаб мешавад. Дар натиҷаи Л.-и сар мумкин аст, латмаи майна рух намояд ё хуномос мағзро тазйиқ диҳад; Л.-и шикам метавонад боиси кафидани ҷигар, рӯда ва ғ. гардад.
Баъди осеб ёфтани бофтаҳо ба ҷои латхӯрда гузоштани ях ё латтаи тар, ором нигоҳ доштани узв мувофиқи мақсад аст. Ҳангоми сахт лат хӯрдани сар, қафаси сина, шикам, ки бо дарди сахт, бад шудани аҳвол, дилбеҳузурӣ ва қай ҷараён мегирад, осебдидаро бояд фавран ба беморхона бурд. Баъди Л.-и сабук ҳам, агар дард барҳам нахӯрад ё кори узв халал ёбад, маслиҳати духтур зарур аст.
Дуруст риоя кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ тадбири боэътимоди пешгирии Л. дар истеҳсолот, кишоварзӣ, ҳангоми машқ ё мусобиқаҳои спортӣ мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …