Главная / Илм / ЛАРИНГОСТЕНОЗ

ЛАРИНГОСТЕНОЗ

laringostenozЛАРИНГОСТЕНОЗ (Laryngostenosis; юн. larynx, laryngos – ҳанҷара ва stenosis – танг шудан), беҳад танг шудани сӯрохи ҳанҷара, ки боиси бо душворрӣ гузаштан ё умуман гузашта натавонистани ҳаво мегардад. Л. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. Сабаби Л.-и модарзодӣ калон будани ғадуди ҷоғар, тератома ва диг. омосҳое, ки дар назди ҳанҷара ҷой гирифтаанд, маҳсуб меёбад. Л.- и ғайримодарзодӣ бинобар осеби худи ҳанҷара, баъзан дар натиҷаи бемориҳои сироятӣ (хуноқ, домана, ҳасба, грипп, сурхакон ва ғ.), аллергия, амрози асаб ба вуҷуд меояд. Л. мумкин аст дар натиҷаи ба роҳи нафас афтодани ҷисми бегона (чормағз, мӯҳра ва ғ.), балғами часпак, маводи қай, хун ё ба ҳанҷара фишор овардани омос, думбал, инфилтарт низ пайдо шавад.
Бемор бояд ҳатман дар беморхона бистарӣ гардонда шавад. Барои таобат қабл аз ҳама сабабҳои Л.-ро рафъ сохтан лозим аст. Ҳавои хона бояд тоза ва намнок бошад. Агар доруҳо самараи дилхоҳ надиҳанд ва беморӣ ба давраи вазнин гузарад, пас аз трахеостомия истифода карда мешавад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …