Главная / Теги: Тиб (страница 40)

Теги: Тиб

КАДМИЙ

kadmiy

КАДМИЙ (лот. Cadmium, аз юн. kadmeia – маъдани руҳ), элементи химиявии гурӯҳи II ҷадвали элементҳои Менделеев; рақами ат. 48, массаи ат. 112,40; металли сафеди нуқратоб. С. 1817 Ф. Штромейер кашф кардааст. К. 8 изотопи собити адади массаашон 106, 108, 110 – 114, 116 дорад. К металли вазнин, нарм ва ёзанда, …

Муфассал »

КАДУ

kadu

КАДУ (Cucurbita maxima; C. moschata), растаниест яксола; зироати маъмул. Палакаш дароз, баргаш содаи яклухт ё панҷашакл, гулаш калон, зард, норанҷӣ, самараш калон ва шаклан гуногун. Аз К. таомҳои лазиз мепазанд. Дар таркиби он қанд, оҳар, моддаҳои пектинӣ, сафеда, намакҳои минералӣ (бахусус фосфор, оҳан), витаминҳои С, В1, В2, РР мавҷуданд. Донаи …

Муфассал »

КАДУДОНА

kadudona

КАДУДОНА, мӯяккиҷа, остритса, навъе аз киҷҷа. Дар рӯдаи одам зиндагӣ мекунад. Дарозиаш 3 – 12 мм. Одам ҳангоми бо гарду чанг ба роҳи нафас афтодани тухми онҳо сироят меёбад. К. дар назди мақъад тухм гузошта, боиси хоришу сӯзиши он мешавад. Тавассути дасти ифлос ва хӯрокворӣ низ сироят ёфтан мумкин аст. …

Муфассал »

КАЖДУМ

kajdim

КАЖДУМ (Scorpionida), як гурӯҳи ҳайвонҳои бемӯҳра аз синфи тортанакшаклҳо. Дарозии танашон 1 – 18 см буда, ба сарсина ва бандҳои шикамӣ ҷудо мешавад. Банди охири шикам ду ғадуди заҳрнок дошта, бо неши чангакмонанд хотима меёбад. К.-ҳо 4 ҷуфт пой, 3 – 6 ҷуфт чашм ва чанголи калони ниҳоят ҳассос доранд. …

Муфассал »

КАЗЕИН

kazein

КАЗЕИН (лот. caseus – панир), сафедаи шир, ки дорои ҳама гуна аминокислотаҳо аст. К. манбаи асосии калтсий ва фосфори ғизоӣ низ мебошад. Доруҳои К.-ро дар тиб фаровон кор мефармоянд, мас., ҳангоми тағзияи сунъӣ, муолиҷаи панкреатит, перитонит. К. ба таркиби марҳамҳо ва ширешҳои биологӣ низ дохил карда мешавад. К.-и шири гов, …

Муфассал »

КАЙК

КАЙК, ҳашароти майдаи хунмак, ки дар ҷисми ширхӯрон, паррандаҳо ва одам зиндагӣ мекунад. К. хуни ҳайвоноти гуногун (гурба, калламушҳо, суғур, саг ва ғ.)-ро макида, баъзан ангезандаи як қатор бемориҳои хавфнок (тоун, ҳасба ва ғ.)-ро дар байни одамон паҳн менамояд. Оби даҳони К. таъсири озурдасозӣ дорад. К. дар пашми ҳайвонот ва …

Муфассал »

КАКАВ

kakao

КАКАВ (Theobroma cacаo), какао, растаниест ҳамешасабз. Баландиаш то 12 м, баргаш борик, байзашакл; гулаш сафеди гулобӣ, К. дар Америкаи Ҷанубӣ ва Марказӣ худрӯ аст. Онро дар бештари мамлакатҳои тропикӣ парвариш мекунанд. Тухми К. аз сабаби дар он мавҷуд будани моддаҳои даббоғӣ ва алкалоиди теобромин маззаи талх дорад. Барои беҳтар шудани …

Муфассал »

КАЛАФ

kalaf

КАЛАФ (Lentigo), лентиго, доғҳои ҷигарии баланд, ки дар сатҳи пӯст пайдо мешаванд. Диаметри онҳо 1,5 – 3 мм буда, мансуби холҳои пигментӣ мебошанд. К.-ҳо дар синни кӯдакӣ низ пайдо шуда, дар сатҳи пӯст ягон-ягон ё гурӯҳ-гурӯҳ ҷой мегиранд. К.-и пиронсолӣ бештар дар пушти даст, бозу ва рӯй ба вуҷуд меояд. …

Муфассал »

КАЛИЙ

kaliy

КАЛИЙ (лот. Kalium), К. элементи химиявии гурӯҳи 1 системаи даврии Менделеев; рақами ат. 19, массаи ат. 39,098; с. 1807 Г. Дэви ҳангоми электролизи ишқорҳои К ва Na ҷудо кардааст. К. аз ду изотопи собит – 39К (93,10%), 41К (6,88%) ва як радиоактив – 40К (0,1%, Т1/2 = 1,32 • 109 …

Муфассал »

КАЛӣ

kali

КАЛӣ, ҷараб, бемории пӯст, ки занбӯруғаки Ахорион Шенлейн (Achorioni Sohönlein) меангезад. Дар Туркия, Испания ва ҷазираҳои уқ. Ором паҳн шудааст. К. аксар аз одамони бемор ё анҷоми онҳо ва баъзан аз ҳайвонот (гурба, муш ва ғ.) ба одамони солим мегузарад. К. бештар дар қисми мӯйдори сар, баъзан дар пӯст ва …

Муфассал »