Главная / Теги: Тиб (страница 29)

Теги: Тиб

ЛЕЙКОДЕРМА

leykoderma

ЛЕЙКОДЕРМА (Leucoderma; аз лекйко… ва дерма), сафедпӯстӣ, халал ёфтани ранги пӯст бинобар дар он кам ё тамоман нест шудани пигменти меланин. Дар мавриди Л. дар пӯст пайса (доғ)-ҳои андозаашон гуногун ба вуҷуд меоянд (ранги онҳо нисбат ба ранги пӯсти солим сафедча аст). Сабаби Л. бемориҳои илтиҳобии пӯст, ихтилоли асаб, халал …

Муфассал »

ЛЕЙКОДИСТРОФИЯ

leykodistrifiya

ЛЕЙКОДИСТРОФИЯ (аз лейко… ва trophe – тағзия), як гурӯҳи бемориҳои ирсии силсилаи асаб, ки дар аснои он моддаи сафеди мағзи сар зарар мебинад. Ба Л. лейкодистрофияи Шолтс – Гринфилд, лейкодистрофияи Пелисеус – Мертсбехер, бемории Александер ва ғ. мансубанд. Аломатҳои аввалини беморӣ дар синни ширхорагӣ, кӯдакӣ ё наврасӣ падид меоянд. Ихтилоли …

Муфассал »

ЛЕЙКОЗ

leykoz

ЛЕЙКОЗ (Lucosis; аз юн. leukos – сафед), лейкемия, сафедхунӣ, омоси узвҳои хунофар. Оид ба Л. аввалин маротиба олими немис Р. Вирхов (1845) маълумот додааст. Л. шадид ва музмин мешавад. Л-ҳои шадид ва музмин вобаста ба он ки омос аз кадом ҳуҷайраҳо иборат аст, намудҳои гуногун доранд. Дар мавриди Л.-и шадид …

Муфассал »

ЛЕЙКОНИХИЯ

leykopnikhiya

ЛЕЙКОНИХИЯ (Leuconychia), як навъ иллати нохун. Дар мавриди Л. дар рӯи нохун доғ ё рахҳои сафед пайдо шуда, зери онҳо (байни қабатҳои нохун)-ро ҳубобчаҳои ниҳоят хурди ҳаво фаро мегиранд. Л. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. Сабаби пайдоиши Л. аниқ маълум нест. Он метавонад дар натиҷаи осеби андаки нохун низ ба вуҷуд …

Муфассал »

ЛЕЙКОПЕНИЯ

leykopeniya

ЛЕЙКОПЕНИЯ (Leucopenia; аз лейко… ва penia – камӣ), дар таркиби хун кам шудани лейкоситҳо (камтар аз 4000 дар 1 мкл, ё 4,0 х 109/л). Л. ҳангоми бемории домана, брутселлёз, грипп, полиомиелит, гепатити вирусӣ, сиррози ҷигар, вараҷа, лейшманиоз, камхунӣ, инчунин ҳангоми таъсири афканишоти ионнок ба мушоҳида мерасад. Л. дар натиҷаи истеъмоли …

Муфассал »

ЛЕЙКОПЛАКИЯ

leykoplakiya

ЛЕЙКОПЛАКИЯ (Leucoplakia; аз лейко… ва plakion – лавҳа), як навъ осеби луобпардаҳо, ки ҳангоми он эпителия шах мешавад. Л. бештар дар луобпардаи ҷавфи даҳон, маҳбал, пешобдон, гарданаи бачадон ва аъзои таносул ба вуҷуд меояд. Дар мавриди Л. дар луобпарда доғҳои суфтаи паҳн, ки ранги сафеди хокистарӣ доранд, ба вуҷуд меоянд; …

Муфассал »

ЛЕЙКОСИТОЗ

leykositoz

ЛЕЙКОСИТОЗ (Leucocytosis), дар таркиби хун афзудани миқдори лейокситҳо (зиёда аз 10000 дар 1 мкл, ё 10,0 х 109/л). Дар натиҷаи тақвият ёфтани лейокситопоэз ё бозтақсими лейкоситҳо дар организм ба вуҷуд меояд. Л. физиологӣ ва патологӣ мешавад. Ба Л.-и физиологӣ лейкоситозҳои ғизоӣ (баъди истеъмоли ғизо), миогенӣ (баъди кори ҷисмонӣ), лейкоситози ҳомилагон …

Муфассал »

ЛЕЙКОСИТҲО

leykositho

ЛЕЙКОСИТҲО, ҷисмчаҳои сафеди хун; ҳуҷайраҳои беранг буда, ядро ва ситоплазма доранд.Дар таркиби 1 мм3 хуни одами солим 5000 – 8000 (яъне нисбат ба эритроситҳо 600 – 800 маротиба камтар) Л. мавҷуд аст. Л. дар мағзи устухон, гиреҳи лимфа ва сипурз ҳосил мешаванд. Онҳо донадор (гранулоситҳо) ва бедона (агранулоситҳо) мебошанд. Эозинофилҳо …

Муфассал »

ЛЕЙКОЭНСЕФАЛИТ

leykoensefalit

ЛЕЙКОЭНСЕФАЛИТ (Leucoencephalitis; аз лейко… ва enkephalos – мағзи сар), энсефалити пайдоишаш вирусӣ, ки дар мавриди он моддаи сафеди майна зарар меёбад. Бештар дар кӯдакони аз 4 то 16-сола дучор меояд. Нишонаи нисбатан бармаҳали Л. ихтилоли рӯҳӣ аст. Минбаъд тадриҷан камақлӣ (деменсия), гиперкинезҳо (ҳаракатҳои ғайриихтиёрӣ) ва ноҷуриҳои вегетативӣ ба вуқӯъ мепайванданд. …

Муфассал »

ЛЕЙШМАНИОЗ

leyshaminoz

ЛЕЙШМАНИОЗ (Leishmaniosis), номи умумии амрози протозойии хун. Ангезаи Л. паразитҳои дохилиҳуҷайравӣ мебошанд. Онҳоро кӯрпашшаҳо мегузаронанд. Бештар узвҳои дарунӣ (лейшманиози дохилӣ), пӯст ва луобпардаҳо (лейшманиози пӯст) осеб меёбанд. Ангезандаҳои Л. ба ҷинси Leishmania, оилаи Trypanosomatidae, синфи Zoomastigophorea, типи Protozoa мансубанд. Ҳаёти лейшманияҳо аз ду давра иборат аст: амастигота ё беқамчинакӣ – …

Муфассал »