Главная / Илм / ЛАТЕРГИЯ

ЛАТЕРГИЯ

latergiyaЛАТЕРГИЯ (Latergia), марги дурӯғин, як ҳолати хоби ғайримуқаррарӣ. Дар мавриди Л. падидаҳои физиологии ҳаёт суст шуда, мубодилаи моддаҳо хеле коҳиш меёбад, нисбати таъсири ангезаҳо аксуламал нест мегардад. Дараҷаи амиқии Л. гуногун аст. Дар ҳолатҳои сабук фақат беҳаракатӣ, нафасгирии бомаром, сустии мушакҳо ба назар мерасанд; дар ин маврид чашмҳо пӯшида мебошанд. Баъзан пилкҳо андаке ларзида, ғӯзаи чашм ҳаракат мекунад. Дар аснои Л.-и вазнин, ки онро аз марг бо душворӣ фарқ кардан мумкин аст, нишонаҳои ҳаёт аҳёнан ба назар мерасанд.
Сабаби пайдоиши Л. маълум нест. Л. одатан ногаҳон, бисёр вақт баъди ҳаяҷони сахт хуруҷ ёфта, ҳамин тавр баногоҳ қатъ мегардад; он аз чанд дақиқаю соат то чанд рӯз давом мекунад. Л.-ро ба тавассути гипноз низ ба вуҷуд овардан мумкин аст. Он баъзан баъди таваллуд ва бисёр талаф додани хун низ пайдо мешавад. Л. барои ҳаёт хавфнок нест.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …