Главная / Илм / ЛЕВОМИТСЕТИН

ЛЕВОМИТСЕТИН

levomitcetinЛЕВОМИТСЕТИН (Laevomycetinum), як навъ дору. Хокаи сафед ё сафеди зардча буда, таъми талх дорад. Дар об бад, дар спирт хуб ҳал мешавад. Л. антибиотики доираи таъсираш васеъ буда, бисёр бактерияҳои граммусбат ва грамманфӣ, риккетсияҳо, спирохетҳо, вирусҳо (ангезандаҳои трахома, пситаккоз, лимфогранулематози қадкашак) ва ғ.-ро маҳв месозад. Он ҳамчунин ба штамми бактерияҳое, ки нисбати пенитсиллин, стрептомитсетин ва сулфаниламидҳо устуворанд, таъсир мерасонад. Л. синтези сафедаҳои микроорганизмҳоро халалдор мекунад (тарзи таъсири Л. ба ҳамин хусусияти он вобаста аст).
Л. аз роҳи меъдаю рӯда хуб ҷаббида мешавад. Баъди 2 – 3 соати истеъмоли Л. миқдори он дар хун афзуда, вояи муолиҷавиаш 4 – 5 соат маҳфуз мемонад. Л. ба узву моеъи организм зуд мегузарад. Бо пешоб, баъзан бо талха ва наҷосат ихроҷ мегардад.
Л.-ро барои табобати домана, паратифҳо, солмонеллёз, брутселлёз, туляремия, сарсом, риккетсиозҳо, хламидиаз ва диг. бемориҳо кор мефармоянд. Дар мавриди пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятии чашм (конъюнктивит, блефарит ва ғ.) низ муфид аст. Дар шакли қурс, ғилофак ва маҳлул истеҳсол мешавад. Барои кӯдакон қурс ва ғилофаки онро таъин мекунанд. Вояи якбораи он барои калонсолон 0,25 – 0,5 г, вояи шаборӯзӣ – 2 г аст. Дар ҳолатҳои вазнин (мас., бемории домана, перитонит ва ғ.) вояи Л.-ро метавон дар як шаборӯз ба 4 г расонд (зери назорати қатъии духтур). Як даври муолиҷа бо Л. 7 – 10 рӯз аст. Л.-ро дар шакли линимент (1 – 10%) барои табобати трахома, бемориҳои римноки пӯст, фурункулёз, сӯхтагӣ, кафидагӣ кор мефармоянд.
Бояд дар хотир дошт, ки Л. метавонад силсилаи хунофарро заҳролуд кунад. Аз ин рӯ, онро эҳтиёткорона (хоса ба кӯдакон) таъин кардан лозим аст. Дар мавриди бемориҳои сироятии сабук истифода бурдани Л. ҷоиз нест. Дар аснои ба чашм чакондан ё молидани марҳами он мумкин аст аллергия рух намояд. Л. мансуби доруҳои рӯихати Б аст. Онро дар ҷои торик нигоҳ медоранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …