Главная / Теги: Тиб (страница 27)

Теги: Тиб

ЛАБЧОКӣ

labchoki

ЛАБЧОКӣ, ҷириқ, нуқси инкишофи рӯй. Бисёр вақт дар лаби боло мушоҳида мешавад. Л. баъзан андак буда, гоҳо то ба сӯрохи бинӣ мерасад. Дар баъзе мавридҳо фақат мушакҳои лаб чок мебошанд (Л.-и ниҳонӣ), ки аломати он ҷӯяки чуқур ҳосил кардани пӯсти рӯи осеб аст. Дар сурати пурра чок будани лаби боло …

Муфассал »

ЛАГОФТАЛМ

lagoftalm

ЛАГОФТАЛМ (Lagophthaemus; юн. lagoos – заргӯшӣ ва ophthalmos – чашм), заргӯшчашмӣ, пурра ҷафс нашудани пилки чашмон, ки дар натиҷа қарния ва мултаҳима хушкида, дучори илтиҳоб мегарданд. Сабаби Л. мумкин аст фалаҷи асаби рӯй, кӯтоҳии модарзодии пилк ё сӯхтану чаппа тоб хӯрдани он, захмдорӣ, экзофталм ва диг. омилҳо бошанд. Муолиҷаи Л. …

Муфассал »

ЛАЗЕР

lazer

ЛАЗЕР дар тиб, дастгоҳ барои ҳосил кардани дастаи борики энергияи баландшиддати афканишоти монохрамии шуоъ. Л.-ро соли 1955 Н. Г. Басов, А. М. Прохоров (ИҶШС) ва Ҷ. Таунс (ШМА) ихтироъ карданд (барои ин с. 1964 бо Мукофоти нобелӣ сарфароз гардиданд). Навъҳои гуногуни Л. мавҷуданд: газӣ, моеъӣ ва сахт. Афканишоти лазерӣ метавонад …

Муфассал »

«ЛАЗЗАТУ-Н-НИСО»

lazzat-un-niso

«ЛАЗЗАТУ-Н-НИСО», асари Зиёуддини Нахшабӣ (ваф. 1350) дар бобати ангезиши боҳ. Ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Китоб дар баёни муносибат ва муошират бо занон буда, аз даҳ боб иборат аст. Асли китоб ба забони ҳиндӣ ва бо номи «Кук шостраи ҳиндӣ» буда, Нахшабӣ онро ба тоҷикӣ тарҷима ва тартибу танзим кардааст. …

Муфассал »

ЛАКНАТИ ЗАБОН

laknati-zabon

ЛАКНАТИ ЗАБОН (Mogilalia pselismus), тутилагӣ, сақавӣ, ихтилоли суръат ва низоми нутқ, ки ҳангоми он садо ва ҳиҷоҳо муддати кӯтоҳ боздошта ё такрор мешаванд. Одатан, забони кӯдакони синни томактабӣ (бештар писарбачаҳо) лакнат пайдо мекунад. Тарс, ҷанҷолҳои оилавӣ, бемориҳои сироятӣ, осеби сар ва ғ. боиси Л. з. мегарданд. Баъзан тақлид ва нутқи …

Муфассал »

ЛАКТАТСИЯ

lakatsiya

ЛАКТАТСИЯ (Lactatio; лот.las, lactis – шир), ҳосил ва ҷудошавии шир дар ғадуди шир. Ғадуди шир дар давраи ҳомилагӣ дучори тағйирот мегардад. Дар моҳҳои 2 – 3-юми ҳамл он усора хориҷ менамояд, роҳҳои ширгузар васеъ мешаванд, алвеолаҳои ғадуд инкишоф меёбанд. Дастгоҳи олие, ки фаъолияти ғадуди ширро танзим мекунад, қишри мағзи сар …

Муфассал »

ЛАКТОЗА

laktoza

ЛАКТОЗА (лот. lac, lactis – шир), қанди шир, C12H22O11, карбогидрат аз гурӯҳи дисахаридҳо. Дар шири ҳайвоноти ширмак (2 – 8,5%) мавҷуд аст; дар гарднайчаи баъзе растаниҳо низ ошкор карда шудааст. Л. моддаи беранг буда, се шакли кристаллӣ дорад; аз ҷиҳати оптикӣ фаъол аст. Дар об, спирти этил ва пиридин ҳал …

Муфассал »

ЛАКТОНҲО

lakton

ЛАКТОНҲО, моддаҳои органикӣ, эфирҳои сиклии дохилии оксикислотаҳо. β–, γ– ва диг. Л. мавҷуданд. Аз рӯи хосияти химиявӣ ба эфирҳои мураккаби асиклӣ монанд мебошанд. Л.-ро дар натиҷаи сиклизатсияи галогену оксикислотаҳо бо иштироки катализаторҳо ҳосил мекунанд. Л. дар синтези органикӣ, истеҳсоли моддаҳои хушбӯй ва доруҳо истифода мешаванд. Баъзе Л. (мас., клавосин) моддаҳои …

Муфассал »

ЛАПАРОСКОПИЯ

laparoskapiya

ЛАПАРОСКОПИЯ, яке аз усулҳои табобат, ки дар мавриди он узвҳои дарун аз сӯрохии хурд (одатан 0,5 – 1,5 см) ҷарроҳӣ карда мешавад. Л.-ро одатан ҳангоми бемориҳои узвҳои ҷавфи шикам ва кос кор мефармоянд. Л. ба тавассути лапароскоп амалӣ мегардад. Он ғулбаи телескопӣ буда, аз системаи линзаҳо иборат аст ва ба …

Муфассал »

ЛАПАРОТОМИЯ

laportamiya

ЛАПАРОТОМИЯ (юн. lapara – қадкашак, шикам ва tome – буридан), як навъи амалиёти ҷарроҳӣ, ки дар мавриди он ҷавфи шикам чок карда мешавад. Л.-ро бо мақсади гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ дар узвҳои ҷавфи шикам, аз ҷавфи шикам баровардани хуну зардоб, ҳамчунин бо мақсади ташхис иҷро менамоянд.

Муфассал »