Главная / Илм / ЛАТТАХОР

ЛАТТАХОР

lattakhorЛАТТАХОР (Onopordum acanthium), латтахорак, хори каррок, гиёҳест дусола. Аз 50 то 200 см қад мекашад. Пояи рости сершохча, барги хордори байзашакл, гули арғувонии найчамонанд, тухми сиёҳи холдор дорад. Гулаш июн – авг. мешукуфад. Чун алафи бегона дар боғу киштзор, замини партов, канори роҳу лаби ҷӯй ва ғ. мерӯяд.
Дар тибби халқии тоҷикон барги Л.-ро чун давои афис, пешоброн ва баҳаморандаи ҷароҳат истифода мебаранд. Кӯфтаи барги тару тозаи онро бо равғани зард омехта ба захмҳои фасоддор, ҳафтпӯст, шукуфа мебанданд. Ҷӯшоби баргу пояи Л. барои табобати зиқи нафас, сурфа, неврози дил, дилзанӣ ва диг. бемориҳо тавсия мешавад.
Дар тибби муосир аз баргу поя ва сабадаки гули Л. дору тайёр мекунанд, ки дар муолиҷаи саратони пӯст, ҷароҳатҳои гуногун, скрофулёз (сили пӯст) ва ғ. ба кор меравад.
Ад.: Атлас лекарственных растений СССР, М., 1962; Алексеев Ю. Е. (ва диг.), Травянистые растения СССР, т. 2, М., 1971; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …