Главная / Илм / ЛЕГИОНЕЛЛЁЗ

ЛЕГИОНЕЛЛЁЗ

legionelyozЛЕГИОНЕЛЛЁЗ, бемории легионерҳо, бемории шадиди сироятӣ, ки микроорганизмҳои гуногун аз ҷинси Legionella ба вуҷуд меоранд. Намояндаи маъмули он L. pneumophila мебошад. Намудҳои дигари легионеллаҳо, ки бемориҳои гуногуни аъзои нафаскаширо пайдо мекунанд, зери номи умумии «легионеллёзҳо» муттаҳид гаштаанд.
Ангезандаи Л. с-ҳои 70-уми а. 20 ошкор шудааст. С. 1976 Л. дар Филаделфия хуруҷ карда, боиси фавти 34 наф. вакилони Съезди легионерон (аз 220 наф. бемор) гашт. Беморӣ мисли пневмония хуруҷ ёфта буд. Ангезандаи Л. бактерияи каламчашакли аэробӣ мебошад. Феълан 22 намуди он вуҷуд дорад, ки 35 серотипро дарбар мегирад. Легионеллаҳо нисбати эритромитсин, рифамписин ва тетрасиклин ҳассос мебошанд.
Ангезандаи Л. ба организм аз луобпардаи роҳи нафас ворид мешавад (ҳангоми нафас гирифтани аэрозолҳои обӣ – зарраҳои душ, ҳавои кондитсионер, обзан, чанги об, фаввораҳо ва ғ.). Ҳолатҳои аз одам ба одам интиқол ёфтани ангезандаҳои Л. ошкор нашудаанд. Давраи ниҳонии беморӣ 2 – 10 шаборӯз аст. Яке аз падидаҳои хоси Л. пневмония мебошад. Дар мавриди он сар дард карда, ҳарор. баланд (то 40°С) мешавад, бемор табларза менамояд. Сурфа дар аввал хушк буда, минбаъд якҷоя бо балғам меояд. Тақр. 20%-и беморон хун мепартоянд. Оризаи вазнини Л. нуқси нафаскашӣ аст, ки ёрии тиббии оҷилро талаб менамояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …