Главная / Илм / ЛАРИНГИТ

ЛАРИНГИТ

laringitЛАРИНГИТ (Laryngitis; аз юн. larynx – ҳалқ), газаки ҳанҷара, илтиҳоби луобпардаи ҳалқ. Л. шадид ва музмин мешавад. Л.-и шадид бештар ҳангоми илтиҳоби роҳҳои болоии нафас, грипп, сурхча, махмалак, сурфакабутак ва ғ. ба вуҷуд меояд. Хунук хӯрдани бадан, хусусан тавассути даҳон нафас кашидани ҳавои сард, ҳангоми сармо муддати дароз ва бо овози баланд гап задан, сахт фарёд кардан, нафас кашидани ҳавои чанголуд ва газҳои ангезишовар, истеъмоли нӯшокии аз ҳад зиёд гарм ё беҳад хунук, тамокукашӣ, сӯйиистеъмоли машруботи спиртдор ва ғ. ба инкишофи Л.- и шадид мусоидат менамоянд.
Ҳангоми Л. – и шадид беморон аз хушкидан ва хориши гулӯ шикоят мекунанд. Сурфа дар аввал хушк буда, минбаъд якҷоя бо балғам меояд; овоз хира, дағал ё тамоман бесадо мегардад. Баъзан мавриди фурӯ бурдани луқма гулӯ ва сар дар карда, бемор қадре таб мекунад. Дар сурати риоя намудани фармудаҳои духтур мариз баъди 7 – 10 рӯз шифо меёбад.
Табобати Л.-и шадид аз бартараф намудани сабабҳое иборат аст, ки боиси пайдоиши беморӣ гардидаанд. Барои эҳтиёти ҳалқ дар муддати 5 – 7 рӯз бемор бояд гап назанад. Истеъмоли хӯришҳои тунду тез, тамокукашӣ, нӯшокиҳои спиртдор манъ аст. Ошомидани шири гарм, ғарғара кардан гулӯ, ингалятсия тавсия мешавад; гарм нигоҳ доштани гулӯ (компресси гармкунанда) муфид аст. Духтур барои табобат гоҳо дору ҳам таъин мекунад.
Дар кӯдакони то 6 – 8 сола метавонад шакли махсуси Л.-и шадид, яъне хурӯсаки дурӯғин инкишоф ёбад. Зуҳуроти он ба хурӯсаки ҳақиқӣ монанд мебошад. Хатари ин беморӣ дар он аст, ки танг шудани равзани ҳанҷара (аз сабаби обварами он, ки аксар бо ташаннуҷи роҳи овоз мегузарад) боиси якбора вазнин шудани нафаскашӣ мегардад. Асосан дар кӯдакони гирифтори ширинча ва диг. бемориҳои аллергӣ мушоҳида мешавад. Бештар ҳангоми грипп, назла, сурхча, махмалак инкишоф меёбад. Хуруҷи беморӣ, одатан, шабона дар вақти хоб ва ногаҳон ба амал меояд: кӯдак ғарқи обу арақ аз хоб бедор мешавад, бетоқатӣ мекунад, нафаскашӣ душвор ва лабҳо кабуд мешаванд, месурфад. Баъди 20 – 30 дақ. ӯ ором шуда хобаш мебарад. Ҳангоми хуруҷ ҳарорати бадан мӯътадил аст ё каме баланд мешавад. Хуруҷи беморӣ дар худи ҳамон шаб ё шаби дигар низ метавонад такрор ёбад. Баъзан ба хурӯсаки дурӯғин ташаннуҷи роҳи овоз илова мешавад, ки барои ҳаёти кӯдак хатарнок аст.
Дар сурати пайдо шудани аломатҳои хурӯсаки дурӯғин фавран ёрии тиббии таъҷилиро даъват намудан ё кӯдакро ба беморхонаи наздик бурдан зарур аст. То омадани духтур ба гардан ва қафаси сина хардалкоғаз монда ё пойҳои кӯдакро ба муддати 5 – 7 дақ. ба обзани гарм (390) гузоштаи лозим (ин хуруҷи бемориро суст мекунад). Ҳавои тоза ва нӯшокии гарм (оби минералӣ, шир) низ муфид аст.
Л.-и музмин чун оқибати Л.-и шадид ё газаки бардавоми бинӣ ва узвҳои нафас, аз ҷумла ҳалқ ба вуҷуд меояд. Сабаби он тамокукашӣ, сӯиистеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, зӯр овардан ба овоз аст. Ҳангоми Л.-и музмин беморон аз хиррӣ шудани овоз ва хориши гулӯ, ки боиси сурфа мегардад, азият мекашанд. Дар сурати авҷ гирифтани газак аломатҳои беморӣ возеҳ мегарданд. Л.-и музмин бештар дар омӯзгорон чун бемории касбӣ ба мушоҳида мерасад.
Ашхоси гирифтори Л.-и музмин бояд ҳатман аз муоинаи духтур гузаранд. Духтур вобаста ба хусусияти газак табобати мувофиқро таъин мекунад. Ингалятсия, истифодаи марҳам, андешидани тадбирҳои гуногуни физиотерапевтӣ, табобати саривақтии Л.-и шадид, амрози бинӣ ва узвҳои нафас, ҳалқ, даст кашидан аз тамоку ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, парҳез ва хаста насохтани овоз барои пешгирӣ ва табобати Л.-и музмин басо муҳиманд.
Машғул шудан бо варзиш ва спорт, мунтазам обутоб додани организм барои пешгирии Л. аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …