Главная / Теги: Тиб (страница 26)

Теги: Тиб

МУШХОР

mushkhor

МУШХОР (Arctium tomentosum), парам, патрун, эзорчаспак, гиёҳест дусола. Аз 60 то 150 см қад мекашад. Пояаш сершохи сурхча, баргаш калон, гулаш бунафши сиёҳтоб, мевааш дорчинии хокистарранг ё бӯр. Июн – авг. гул карда, мевааш авг. – сент. мепазад. Дар нишебии теппаҳо, заминҳои партов, боғ, ҷойҳои сернаму соя, қад – қади …

Муфассал »

МӯЙ

muy

МӯЙ (Pili), торҳои найчамонанди маҳин ва нозуке, ки аз пӯст мерӯянд. М. ба ғайр аз кафи даст, пошнаи пой, пушти буғумҳои нохундор, лаб ва баъзе қисмҳои дигар қариб тамоми бадани одамро фаро гирифтааст. М. дароз (дар сар, занах, зери ноф, зери каш), қилмонанд (абрӯвон, мижгон ва ғ.) ва пашмакмонанд (дар …

Муфассал »

МӯРД

murd

МӯРД (Myrtus communis), растаниест ҳамешасабз. Баргҳои муқобили ҳамдигар ҷойгиршуда, гули аксар тоқа дорад. M.-ро аз қадимулайём чун растании ороишӣ кишт мекунанд. Баргу пояаш равғани эфир дорад. Бинобар ин, онро чун хӯриши таом ва дар атриёт истифода мебаранд. Барг, тухм ва меваи М.-ро дар тибби халқии Ҳиндустон, Арабистон, Осиёи Марказӣ ва …

Муфассал »

МӯРДШАВИИ НОХУН

murdshavii-nokhun

МӯРДШАВИИ НОХУН, иллати нохун аст, ки бинобар тамос доштан бо ишқорҳо, кислотаҳо, нафт ва ғ. пайдо мешавад. М. н. дар бонувоне, ки нохунҳояшонро ранг мекунанд дар натиҷаи осеб ёфтан, таъсири лок, атсетон, ксилол ва ғ. ба амал меояд. Нохунҳои иллатӣ устувории худро гум карда, аз андак таъсирот реза мешаванд. Бештар …

Муфассал »

МӯҲРА

muhra

МӯҲРА (Vertebra), устухонҳое, ки дар якҷоягӣ сутунмӯҳраро ба вуҷуд меоваранд.М.-ҳо новобаста аз мансубият ба қисмҳои гуногуни сутунмӯҳра сохти умумӣ доранд. М. аз тана ва камонак иборат аст. Танаи М. аз қисми пеш ҷойгир буда, вазифаи такягоҳро иҷро мекунад. Камонак аз қафо ба воситаи пояча ба танаи М. пайваст мебошад. Байни …

Муфассал »

МӯҲСИНОВ Муҳиддин Эргашевич

nophoto

МӯҲСИНОВ Муҳиддин Эргашевич (19. 09. 1939, ш. Хуҷанд – 09. 12. 2001, Туркия), стоматолог, доктори илми тиб (1990). Хатмкардаи фак-ти стоматологияи Донишкадаи давлатии тиббии Озарбойҷон ба номи Н.Наримонов (1963). Ординатори клиникии ҳамин донишкада (1963 – 65), ассистенти кафедраи ҷарроҳии госпиталии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1965 – 72), аспиранти …

Муфассал »

«МӯҶАЗУ-Л-ҚОНУН»

muchazu-l-konun

«МӯҶАЗУ-Л-ҚОНУН», асари Алоуддин Алӣ ибни Абилҳазми Қурашӣ, маъруф ба Ибни Нафиси Димишқӣ (1200 – 1288). Китоб мухтасари «Ал-Қонун»-и Ибни Сино буда, аз чаҳор фан иборат аст: фанни аввал дар баёни қоидаҳои ҷузъии тиб аз ҷиҳати илмию амалӣ ба таври умум; фанни дуввум дар баёни доруҳо ва ғизоҳои муфрад ва мураккаб; …

Муфассал »

ЛАБ

lab

ЛАБ (Labium, labrum), чини атрофи даҳон. Л. аз пӯст ва луобпарда иборат буда, ҷавфи даҳонро иҳота кардааст. Дар байни пӯст ва луобпарда мушаки мудаввари даҳон ва мушакҳои хурди мимикӣ ҷой гирифтаанд. Баландии Л.-и боло, ғафсии Л. ва васеъгии даҳон ба нажод ва халқият алоқаманд буда, вобаста ба синну сол ва …

Муфассал »

ЛАБИРИНТИТ

labrintit

ЛАБИРИНТИТ (Labyrinthitis), илтиҳоби гӯши дарунӣ. Л. шадид ва музмин мешавад. Вобаста ба тарзи роҳ ёфтни микроорганизмҳо ё токсинҳо ба гӯши дарунӣ Л.-ҳои тимпаногенӣ (аз гӯши миёна), менингогенӣ (аз пардаи мағзи сар – ҳангоми сарсом) ва гематогениро фарқ мекунанд. Дар баъзе мавридҳо Л. бинобар осеб низ рух менамояд (ҳангоми шикастани устухони …

Муфассал »

ЛАБЛАБУ

lablabu

ЛАБЛАБУ (Beta vulgaris), растаниест як ё дусола. Бехмеваи сурх, баъзан сафед ё зард дорад. Пояаш рост, баргаш дилшакл ё забоншакл, гулаш майдаи сафед ё сабзча. Л.-ро ҳамчун сабзавот парвариш мекунанд. Дар саноати хӯрокворӣ фаровон истифода мешавад. Аз он қанд мегиранд. Дар таркиби Л. қанд, сафеда, клетчатка, кислотаҳои органикӣ, витаминҳои Е, …

Муфассал »