Главная / Илм / ЛАҶОМАК

ЛАҶОМАК

lachomakЛАҶОМАК (Angulus infectiosus), бемории сироятии луобпарда ва пӯсти кунҷи даҳон. Л. ҳангоми норасоии витамини В2 дар организм, амрози милки дандонҳо, бисёр истеъмол кардани хӯрокҳои турш ва тунду тез, фаровон ҷудо шудани оби даҳон, нигоҳубин накардан ба тозагии даҳон инкишоф меёбад.Стрептококкҳо ё занбӯруғҳои микроскопии пӯсту луобпардаҳо сабаби Л. мегарданд. Бештар кӯдакон ва наврасоне, ки лабашонро мелесанд, инчунин одамони солхӯрдае, ки дандонҳои сунъӣ доранд, гирифтори Л. мешаванд. Пӯст в луобпардаи кунҷи даҳон тар ва сурх шуда, мекафад, дард мекунад ва карахш мебандад. Ҳангоми сирояти занбӯруғи бемориовар иллат ба луобпардаи ҷавфи даҳон мегузарад (ниг. Кандидоз).
Л.-ро мувофиқи таъиноти духтур табобат мекунанд. Ҷараёни касалӣ аксар вақт музмин буда, вале дар сурати суботкорона ва дуруст табобат кардан, бемор комилан шифо меёбад. Тағзияи дуруст (ғизо бояд сервитамин, хусусан витаминҳои гурӯҳи В, ки ба миқдори зиёд дар сабзавот, меваҳо, ҷигари ҳайвонот ва диг. маҳсулот мавҷуданд), инчунин нигоҳубини ҷавфи даҳон баҳри пешгирии Л. аҳамияти калон дорад. Дар ҳолати озурда шудани пӯсти кунҷи лаб истеъмоли таоми турш, тунду тез ва меваҳои ситрусӣ манъ аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …