Главная / Теги: Тиб (страница 20)

Теги: Тиб

МОРФИН

morfin

МОРФИН, алкалоид, воситаи табобатӣ аз гурӯҳи доруҳои рафъкунандаи дард. М.-ро бори аввал с. 1804 фармакологи немис Ф. Сертюрнер аз таркиби афюн ҷудо карда, ба он номи худои юнониёни қадим Морфей (писари Гипнос)-ро додааст. М. нахустин алкалоиде буд, ки дар шакли холис ба даст оварда шуд. Истифодаи он хусусан баъди ихтироъи …

Муфассал »

МОРФОЛОГИЯ

morfologiya

МОРФОЛОГИЯ (Morphologia; аз юн. morphe – шакл, намуд ва …логия), илмест, ки хусусиятҳои сохта организм (узвҳои алоҳида, бофтаҳо ва ҳуҷайраҳо)-ро дар раванди рушду инкишоф дар ҳолати тандурустӣ ва бемориҳо меомӯзад. М. ду навъ – М.-и ҳайвонот ва М.-и растаниҳо мешавад. Анатомия (қиёсӣ, эътидолӣ ва патологӣ), гистология, ситология, эмбриология, морфологияи синнусолӣ …

Муфассал »

МОРЧӯБА

morchuba

МОРЧӯБА (Asparagus officunalus), сарсабил, як навъ растанӣ. Пояи сершох, барги борики сӯзаншакл, гули майдаи зангӯлашакли сабзча ё зардтоб (асосан ҷудоҷинса), ғӯраки сепалла, ғуҷуммеваи мудаввари сурх дорад. М.-ро дар тибби халқӣ чун позаҳр кор мефармоянд. Дар як қатор кишварҳо мисли сабзавот ва чун гиёҳи шифобахш парвариш карда мешавад. Наврустаи М.-и мазрӯъро …

Муфассал »

МОҲАКИ БУҒУМ

mohaki-bugum

МОҲАКИ БУҒУМ (Meniscus) тағояки буғуми зону, мениск, ҷуфти (дар ҳар буғум дутоӣ) тағояки ҳилолшакл, ки дар байни буғумҳои устухони рон ва устухони калони соқи пой воқеъ аст. Тарафи ғафси берунии М. б. бо парда (капсула)-и буғум пайванд буда, тарафи озод ва борики он дар ҷавфи буғум ҷойгир шудааст. Вазифаи физиологии …

Муфассал »

МОҲӣ

mohi

МОҲӣ, як гурӯҳи ҳайвоноти мӯҳрадори обӣ. Ҳарор. бадани М. доимӣ набуда, тағйир ёфта меистад. Дар олам тақр. 25 ҳаз. намуди М.-ҳо мавҷуданд. Дар оби баҳру уқёнусҳо 20 ҳаз. намуди М. сукунат дорад. Дар обанбору дарёҳои Тоҷикистон 49 намуди М. зиндагӣ мекунад. М. барои одам ғизои пурбаҳост. Бо таъму таркиби химиявӣ …

Муфассал »

МОҲПАРВИН

mohparvin

МОҲПАРВИН (Somnambulismus; лот. somnus – хоб ва ambulare – роҳ рафтан), сомнамбулизм, яке аз шаклҳои ихтилоли хоб. М. ҳангоми хастагӣ, неврозҳои астенӣ, ғашён, шифоёбӣ аз бемориҳои вазнин, баъзе шаклҳои саръ (эпилепсия) рӯй медиҳад. Он вақте ба вуҷуд меояд, ки ҳангоми хоб системаи асаби марказӣ амали ҳамон қисмҳои майнаро, ки ҳаракатро …

Муфассал »

МОШ

mosh

МОШ (Phaseolus aureus), як навъ зироат. Баландиаш 15 – 50 см; пояи рост ё печанда, барги калон (дарозиаш 20 – 26 см), гули бунафш, ғилофаки сертухм, дони сабз дорад. Моҳҳои июн – сент. гулу мева мекунад. Дар Тоҷикистон М.-ро аз замонҳои қадим мекоранд. Давраи нашви М. 80 – 120 рӯз …

Муфассал »

МОЯГУЗАРОНӣ

moyaguzaroni

МОЯГУЗАРОНӣ (Immunisatio; лот. immunis – озод, аз чизе раҳодода), иммунизатсия усули махсуси пешгирии бемориҳои сироятии одам ва ҳайвонот. М. фаъол, нофаъол ва нофаъолу фаъол мешавад. Ҳангоми М.-и фаъол ба организм ваксина ё анатоксин мегузаронанд. Дар мавриди М.-и нофаъол ба организм зардоби масунӣ ё иммуноглобулин гузаронда мешавад. Ҳангоми М.-и фаъолу нофаъол …

Муфассал »

МУБОДИЛАИ ГАЗ

gaz

МУБОДИЛАИ ГАЗ, навъе аз мубодилаи моддаҳо байни организм ва муҳити атроф. М. г. аз оксигенро фурӯ бурда гази карбонатро хориҷ кардани организм иборат аст; фурӯ бурдани баъзе маҳсулоти газмонанд ва буғи об низ мансуб ба М. г. мебошад. М. г. ҷузъи аввалу охири силсилаи аксуламали мубодилаи моддаҳо ва неруи организм …

Муфассал »

МУБОДИЛАИ КАРБОГИДРАТҲО

karbogidrat

МУБОДИЛАИ КАРБОГИДРАТҲО, маҷмӯи равандҳои ҳазм, ҳосил шудан, таҷзия ва аз организм хориҷ гаштани ангиштобҳо ва моддаҳои ангиштобдор. Барои М. к. дар бофтаҳои одам ва ҳайвонот аҳамияти глюкоза калон аст. Манбаи он дар организм гликоген (хусусан гликогени ҷигар) ва крахмали ғизоҳои наботӣ мебошанд. Глюкоза ҳамчунин метавонад аз моддаҳои ғайриангиштобӣ дар ҷараёни …

Муфассал »