Главная / Илм / ЛАРИНГОСПАЗМ

ЛАРИНГОСПАЗМ

laringospazmЛАРИНГОСПАЗМ (Laryngospasmus; юн. larynx, laryngos – ҳанҷара ва спазм), ташаннуҷи ногаҳонӣ ва хуруҷмонанди мушакҳои ҳанҷара, ки боиси танг ва баста шудани роғи нафаскашӣ мегардад. Сабаби Л. ангезиши сахти дастгоҳи асабу мушакии ҳанҷара аст. Л. бештар дар кӯдаконе, ки ғизои сунъӣ истеъмол мекунанд, ҳангоми ихтилоли мубодилаи моддаҳо, дар организм нарасидани намакҳои калтсий ва витамини D, дар заминаи бронхопневмония, рахит, спазмофилия, гидросефалия ва ғ. ба мушоҳида мерасад.
Дар аснои хуруҷи Л. кӯдак ногаҳон бо садои ҳуштакмонанд нафас гирифта, ранги рӯ мепарад, чеҳра кабуд мешавад; сар ба қафо хам гашта, даҳон боз аст; кӯдак арақи сард мекунад, нафасгирӣ муваққатан қатъ меёбад. Минбаъд бинобар дар организм ҷамъ шудани гази карбонат ва ангезиши маркази нафас кӯдак аз дигар нафас мекашад. Дар ҳолатҳои сабук Л. чанд сония давом карда, баъди он кӯдак нафаси чуқур мегирад ва ором мешавад (баъзан андак хобаш мебарад). Беморӣ метавонад дар давоми рӯз борҳо такрор ёбад. Дар мавриди вазнин будани хуруҷи Л. аз даҳони кӯдак кафк рафта, ӯ беҳуш мешавад, беихтиёр тар мекунад, дил аз кор мемонад. Ҳангоми бештар давом кардани хуруҷ бинобар нафасгир шудан кӯдак мефавтад.
Л. дар одамони калон низ ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми хуруҷи маризӣ беморро ором кардан лозим аст; ба ӯ об менӯшонанд, ба рӯяш об мепошанд, оксиген медиҳанд, ба тахтапушташ мезананд. Бӯй кашондани спирти навшодир низ муфид аст. Дар ҳама гуна ҳолатҳои Л. маслиҳати духтур ҳатмист. Муолиҷаи Л. ба рафъ намудани сабабҳои он нигаронда мешавад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …