Хабарҳои охирин

БЕМОРИҲОИ ЧАШМӣ

bolezni-glaz

БЕМОРИҲОИ ЧАШМ (Morbi oculorum), бемориҳои узвҳои чашм (пилк, аъзои ашк, косаи чашм). Бемориҳои умумӣ (тарбод, сил, сифилис, вараҷа, брутселлёз ва ғ.), ихтилоли мубодилаи моддаҳо, бемориҳои системаи асаб ва раг, авитаминоз ва ғ. мумкин аст сабаби Б. ч. шаванд. Аз таъсироти номусоиди муҳит бештар таъсири механикӣ (зарбу лат), химиявӣ (кислотаҳо, ишқорҳо) …

Муфассал »

БЕМОРИҲОИ ШАДИДИ РОҲИ НАФАС

bemori

БЕМОРИҲОИ ШАДИДИ РОҲИ НАФАС (Morbi respiratorii asuti), як гурӯҳ бемориҳое, ки онҳоро бемориҳои зукомӣ (ОРЗ) низ меноманд. Б. сабабҳои бисёр дошта, нишонаҳояшон ба ҳамдигар монанд мебошанд. Б.-ро вирусҳо, хламидияҳо, микоплазмаҳо ва бактерияҳо меангезанд. Бемориҳои зукомии пайдоишашон муштарак низ мавҷуданд (вирусиву вирусӣ, вирусиву бактериявӣ, вирусиву микоплазмавӣ). Хусусан бемориҳои зукомии вирусӣ ва …

Муфассал »

БЕМОРӣ

bemori

БЕМОРӣ (Morbus), ихтилоли фаъолияти организм ва робитаи мутақобилаи он бо муҳит. Аз Б., одатан, қобилияти корӣ муваққатан ё доимӣ суст ё гум мешавад. Одам аз таъсири омилҳои ба организм зарарнок (омили касалиовар) бемор мегардад (агар таъсири онҳо аз имкониятҳои муҳофизӣ ё талофии организм зӯртар бошад). Барои пайдоиши Б. як маротиба …

Муфассал »

БЕМОРХОНА

bemorkhona

БЕМОРХОНА (Nosocomium), шифохона, бемористон, муассисаест барои муолиҷаи беморони бистарӣ. Б.-е, ки ба ҳайати он дармонгоҳ (поликлиника) дохил мешавад (Б.-и муттаҳид), муассисаи табобатӣ ва профилактикӣ буда, ба аҳолӣ ёрии тиббии гуногун ва махсус мерасонад. Б.-ҳо чанд навъанд: ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ. Б.-ҳо умумӣ (иборат аз чанд шӯъбаи гуногун) ва …

Муфассал »

БЕНАСЛӣ

benasli

БЕНАСЛӣ (Agenesia), безурётӣ, насл дода натавонистани одам. Б. оқибати ҳар гуна ихтилол, асосан иллати узвҳои таносул буда, ҳам дар занон ва ҳам дар мардон мушоҳида мешавад. Нуқси модарзоди узвҳои таносул (ниг. Крипторхизм) ва ноҷуриҳои гуногуне, ки бо газак ё осеби узвҳои пешобу таносул вобаста аст (ниг.Орхит, Эпидидимит) боиси Б.-и мардон …

Муфассал »