Главная / Илм / БЕМОРӣ

БЕМОРӣ

bemoriБЕМОРӣ (Morbus), ихтилоли фаъолияти организм ва робитаи мутақобилаи он бо муҳит. Аз Б., одатан, қобилияти корӣ муваққатан ё доимӣ суст ё гум мешавад. Одам аз таъсири омилҳои ба организм зарарнок (омили касалиовар) бемор мегардад (агар таъсири онҳо аз имкониятҳои муҳофизӣ ё талофии организм зӯртар бошад). Барои пайдоиши Б. як маротиба таъсир расондани омили беморизо (мас, зарбу лат, заҳролудӣ) кифоя аст. Аз таъсири дуру дарози омилҳои мазкур (мас, муттасил вайрон кардани тартиби тағзия боиси дарди меъдаю рӯда, пурхӯрӣ боиси ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва фарбеҳӣ мегардад) низ кас бемор мешавад. Нуқси инкишоф ё нуқси ирсӣ (ниг. Бемориҳои ирсӣ) низ сабаби Б. мегардад.
Омили беморизо баробари ба организм зарар расонидан, аксуламали муҳофизатӣ ва мутобиқати онро ба кор медарорад. Яъне Б. одатан ду протсесси дорои робитаи мутақобил – осеб ва муҳофизатро дарбар мегирад. Мас., ҳангоми илтиҳоб ҳам бофтаҳо иллат меёбанд ва ҳам дар манбаи илтиҳоб заҳри бактерияҳо ҷамъ омада, ин мавзеъ бо хун ниҳоят хуб таъмин мешавад, фаъолияти ҳуҷайраҳо афзуда, бофтаи иллатиро аз маҳсули таҷзия тоза мекунад, баҳри зуд барқарор шудани он ёрӣ мерасонад. Дард бонги иллат аст. Аз тарафи дигар, таассури мутобиқати аз ҳад зиёд метавонад ҷараёни Б.-ро вазнин гардонад. Мас., ҳангоми қай ва исҳол моддаҳои зарарнок ва заҳролуд аз меъда ва рӯда мераванд ва бо ҳамин сабаб организм ба об мӯҳтоҷ гардида, дарди сахт метавонад боиси шок шавад.
Ҳар беморӣ ихтилоли фаъолияти организм аст. Зуҳуроти он аксар вақт дар як узв ё силсилаи узвҳо ба мушоҳида мерасад. Мас., захми меъда як зуҳур бошад ҳам, сарчашмаи он ихтилоли хун ва решмараз буда, аслан оқибат халал ёфтани кори силсилаи асабҳост (бинобар ихтилол ва эмотсияҳои манфӣ, изтироби рӯҳӣ ё ҷисмонӣ). Ғаму андӯҳ, тарзи ҳаёти номураттаб, вайрон кардани тартиби меҳнату истироҳат, тағзия ва қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, ҳамчунин тамокукашӣ ва майпарастӣ, ки организмро заиф сохта, мубодилаи моддаҳо ва фаъолияти силсилаи асабро вайрон мекунанд, оқибат беморӣ меоранд. Ҳар гуна осеби ҷузъӣ низ боиси ин ё он иллат мегардад, аз ин рӯ беҳдошти тандурустӣ ба омодагии тамоми неруи организм вобаста аст. Мас., дар аснои иллати фасодноки ҷузъӣ – думбал, пучак, ва ҳафтпӯст, одатан, зуҳуроти умумӣ (баланд гаштани ҳарорати бадан, таб, камиштиҳоӣ, сустӣ ва ғ.) мушоҳида мешаванд.
Сабабҳои пайдоиши Б.-ҳо гуногун мебошанд. Б. метавонад аз таъсири як ё чанд омил ба вуҷуд ояд. Мас., бемориҳои сироятӣ ва паразитӣ дар натиҷаи ба организм таъсир кардани бактерияҳо, вирусҳо, занбӯруғҳои микроскопӣ, кирмҳои бемориангез ва ғ. инкишоф меёбанд. Ҳар як бемории сироятӣ ангезандаи муайян дорад. Аммо бисёр микроорганизмҳо дар организмҳое, ки неруи муҳофизиашон суст аст, инкишоф ёфта, боиси Б. мешаванд. Бисёр иллатҳо бо сабабҳои гуногун сар мезананд. Мас., газаки меъда (илтиҳоби пардаи луобии меъда) дар натиҷаи дуру дароз вайрон кардани тартиби истеъмоли хӯрок, сӯиистеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, тамокукашӣ, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва ғ. инкишоф меёбад. Вазъи организм, имкониятҳои муқобилат ва мутобиқати он низ ба пайдоиш ва ҷараёни Б. мусоидат менамоянд. Мас., аз таъсири омили беморизо агар як шахс бемор шавад, пас шахси дигар бемор нашуданаш мумкин. Ё ҳамон як Б.-ро ҳар кас ба таври гуногун паси сар мекунад.
Б.-ҳо шадид, шадидмонанд ва музмин мешаванд. Инкишофу ҷараёни Б.-и шадид чор давра дорад: ниҳонӣ, оғоз, авҷ ва хотима.
Давраи ниҳонӣ (дар бемориҳои сироятӣ давраи инкубатсия) муддатест аз лаҳзаи таъсири омили бемориовар то пайдоиши нишонаҳои аввалини клиникии Б. Давраи оғози беморӣ муддатест аз падидоии нишонаҳои аввалини клиникии Б. то пурра инкишоф ёфтани аломатҳои он. Дар ин давра аломатҳои умумии бисёр Б. (дарди сар, вараҷа, табларза, беҳолӣ ва ғ.) мушоҳида мешаванд; аломатҳои хоси Б. дертар, яъне дар давраи авҷи Б. зоҳир мегарданд. Дар давраи оғози Б. ташхиси аломатҳои хоси он номумкин аст. Дар давраи авҷи Б. аломатҳои хос падид меоянд. Вале баъзан онҳо чандон аён нестанд (шакли мубҳами касалӣ) ё пурра инкишоф наёфта, нест мешаванд (шакли нотамом). Агар ба Б. ягон ориза (оқибати ногувори бемории асосӣ) ҳамроҳ шавад, пас ҷараёни он метавонад тағйир ёбад. Давраи хотимаи беморӣ зуд, ногаҳон (ё бӯҳрон) ва тадриҷан мегузарад. Б. пурра ё нимкора шифо меёбад. Тағйироти ҷиддии ягон узв ё силсилаи узвҳо ба он оварда мерасонад, ки маризӣ шакли музмин гирад. Ҳангоми шифои комил фаъолияти мӯътадили организм барқарор хоҳад шуд. Баъди бисёр Б.-ҳои сироятӣ организм нисбат ба онҳо масуният (иммунитет) пайдо мекунад. Гоҳо фаъолияти организм мӯътадил мегардад, вале аз баъзе иллатҳои боқимонда кори ин ё он узв ноқис мемонад (шифои нопурра). Б. музмин шавад ҳам, тартиб ва табобати таъинкардаи духтурро давом бояд дод, вагарна Б. боз авҷ мегирад.
Муолиҷаи саривақтӣ ва риояи қатъии таъиноти духтур омилҳои муҳими рафъи Б. мебошанд. Пас, агар шахс андаке нотоб шавад, бояд ҳатман ба духтур муроҷиат намояд. Худмуолиҷа ё қатъи худсаронаи табобат хатарнок аст. Чунин беэътиноии бемор ба пайдоиши оризаҳои Б. ва музмин гаштани он, корношоямӣ ва марг оварда мерасонад.
Илми тиб масъалаи Б.-ро муштарак (комплексӣ) ҳал мекунад. Сабаб ва шароити пайдоиш (этиология), тарзи ҷараён, бемориҳои алоҳида, тариқи муҳофизат, патогенез, хусусиятҳои ҷараёни клиникӣ ва аломатҳои Б.- ҳои гуногун дар якҷоягӣ омӯхта мешаванд. Дар ин асос усулҳои ташхис, табобат ва пешгирии Б. муайян карда хоҳанд шуд. Пешрафти тадқиқоти биологӣ, тиббӣ, клиникӣ ва ривоҷи техникаи тиббӣ ба инкишофи усулҳои ташхиси лабораторӣ мусоидат кард. Агар онҳо бо шароити пайдоиш ва хусусиятҳои ҷараёни клиникии Б. муқоиса нашаванд, пас аҳамияти ҳалкунандаи ташхисӣ пайдо намекунанд. Рафту ҳангоми муоинаи бемор зуҳуроти клиникии Б. ба шикоятҳои ӯ мувофиқ наоянд ва усулҳои асосии тадқиқот (муоина, таҳлили хун, пешоб, тадқиқи рентгенологӣ ва ғ.) маълумоти кофӣ надиҳанд, дар он сурат таҳлил ё усулҳои ташхиси амалӣ ниҳоят заруранд.
Нақшаи табобати ҳар бемор алоҳида аст. Духтур ҳангоми табобат хусусиятҳои фардии инкишоф ва ҳолати организми бемор, бемориҳои аз сар гузаронида, шароити меҳнат ва зиндагии ӯро ба назар мегирад. ӯ ба ду маризи бемориашон якхела доруҳои гуногун таъин мекунад, чунки агар як дору ба як бемор шифо бахшад, ба бемори дигар метавонад зарар оварад. Пас, худмуолиҷа хатарнок аст. Духтур доруеро таъин мекунад, ки ба сабаб (табобати этиологӣ, мас., истеъмоли доруҳои зиддибактериявӣ – ҳангоми бемориҳои сироятӣ) ва тарзи инкишофи Б. (муолиҷаи патогенезӣ, мас., истеъмоли гормон ё фермент дар ҳолати норасоии он) таъсир мерасонад. Духтур инчунин давоеро мефармояд, ки нишонаҳои вазнини клиникии Б.-ро рафъ месозад (мас, доруҳои рафъи дард, зидди сурфа, хобовар). Бинобар судмандии тадбирҳои ёрирасони неруи муҳофизат ва муқобилияти организм баробари табобати махсус ба мариз истеъмоли витаминҳо, хӯроки серғизо ва ғ.-ро низ мефармоянд. Духтур дар ҳар давраи Б. метавонад табобатро тағийр дода, доруҳои нав, муолиҷаи физиотерапевтӣ (ваннаҳо, барқшифоӣ, муолиҷа бо нур ва ғ.), варзиши шифоӣ, масҳ ва ғ. таъин кунад. Табобати бисёр бемориҳо оромии рӯҳию ҷисмонии беморро талаб менамояд. Дар давраи авҷи Б. бистарӣ гаштан ба мақсад мувофиқ аст. Самараи табобат, хусусан дар шароити хона, ба нигоҳубини дурусти бемор (бечуну чаро иҷро кардани таъиноти духтур) вобастагӣ дорад (ниг. Нигоҳубини бемор).
Агар як аъзои оила бемор шавад, фикру зикри дигарон ба ӯ ҷалб мегардад. Бинобар ин худи мариз бояд ба шифоёбӣ кӯшад, ба вазъи худ дуруст муносибат намояд, ҳар чи зудтар ба шароити беморхона одат кунад.
Муносибати дурусти аъзои оила ба бемор бисёр муҳим аст. Ҳамдардӣ, ғамхорӣ, оромӣ, ё баръакс, беписандӣ, ҳар яке аз онҳо хоса таъсире дорад. Ғамхории самимӣ беморро пуртоқат мекунад, табобатро метезонад; бепарвоӣ ё тундмизоҷии атрофиён беморро шикастадил менамояд. Муносибати хешовандон ба бемор бояд мувофиқи маслиҳати духтур бошад. Духтур вобаста ба рӯҳияи бемор тавсияи ба мақсад мувофиқ медиҳад.
Пешгирии Б.-ҳо ба шахсӣ ва ҷамъиятӣ ҷудо мешавад. Системаи давлатии ҳифзи тандурустӣ тадбирҳоеро дарбар мегирад, ки афзоиши некӯаҳволӣ, шароити бехатари меҳнат, беҳсозии шароити манзил ва зиндагонӣ, муҳофизати муҳити зист, беҳбудии санитарӣ ва ободии ҷойҳои аҳолинишин, тараққии оммавиии варзиш ва кору истироҳати меҳнаткашонро таъмин месозанд. Муҳофизати модарон ва кӯдакон зуҳуроти ғамхории хоси давлат, кафолати боэътимоди саломатии насли наврас аст. Кӯмаки деспансерӣ ба кормандони тиб имкон медиҳад, ки саломатии аҳолиро назорат кунанд, хуруҷи Б.-ҳои музмин ва инкишофи бемориҳои навро пешгирӣ намоянд.
Бо вуҷуди ин, эҳтиёт кардани саломатии худ ва аъзои оила вазифаи ҳар як шахс аст. Агар кас ғами саломатии худро нахӯрад, пас ҳама саъю кӯшиши духтурон барабас меравад. Риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, обутоби организм, машғул шудан ба варзиши бадан, пеш гирифтани тарзи ҳаёти солим, риояи тартиби меҳнат ва истироҳат, ғизои муносиб, даст кашидан аз одатҳои бад (сӯиистеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, тамоку, бадахлоқии ҷинсӣ) – ин ҳама ба саломатӣ ва фаъолияти эҷодии ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.

Б.Ш. Гадоев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …