БЕНАСЛӣ (Agenesia), безурётӣ, насл дода натавонистани одам. Б. оқибати ҳар гуна ихтилол, асосан иллати узвҳои таносул буда, ҳам дар занон ва ҳам дар мардон мушоҳида мешавад.
Нуқси модарзоди узвҳои таносул (ниг. Крипторхизм) ва ноҷуриҳои гуногуне, ки бо газак ё осеби узвҳои пешобу таносул вобаста аст (ниг.Орхит, Эпидидимит) боиси Б.-и мардон шуда метавонад. Б.-и мардон инчунин аз набудани нутфа дар манӣ ё қобилияти бордоркунӣ надоштани он (нутфа) ба вуҷуд меояд. Заҳролудӣ аз шароб, сурб ва фосфор, ҳамчунин таъсири омилҳои номатлуб (афканишоти ионнок, стресс, гуруснагӣ ва ғ.) низ метавонанд муҷиби Б. гарданд. Дар баъзе мавридҳо Б. натиҷаи аутоиммунизатсия аст. Дар ин маврид дар организми мард зидди нутфа (сперматозоидҳо) подтан ҳосил шуда, ҳаракати онро бозмедорад. Дар аснои Б.-и мардон хусусан олигозооспермия бештар ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми олигозооспермия нутфа дар таркиби манӣ аз миқдори зарурӣ кам ташаккул меёбад (дар 1 мл камтар аз 20 млн). Сабаби ин ҳолат бисёр вақт илтиҳоби хоя ва васеъу дароз шудани танобаки манӣ (ниг. Варикоселе) мебошад. Олигозооспермия мумкин аст баъди аз сар гузаронидани бемориҳои сироятии вирусӣ, таъсири нурҳои ионнок, садамаи рӯҳӣ низ рух намояд. Яке аз сабабҳои дигари ҷиддии Б.-и мардон азооспермия, яъне дар таркиби нузола (эякулят) умуман вуҷуд надоштани нутфа аст. Азооспермия ҳақиқӣ ва дурӯғин мешавад. Ҳангоми азооспермияи ҳақиқӣ дар хоя нутфа ташаккул намеёбад. Сабаби ин нуқси инкишофи хоя, крипторхизми дуҷониба, ихтилоли ғадудҳои усораи дохилӣ аст. Дар аснои азооспермияи дурӯғин дар хоя нутфа ҳосил мешавад, вале он бинобар руст будани маҷрои манӣ (мас., дар натиҷаи ягон осеб) ба нузола намеафтад. Бисёр мардон бинобар астеноспермия (суст будани ҳаракати нутфа), некроспермия (қобили ҳаёт набудани нутфа) ва тератоспермия (халал ёфтани сохтори нутфа) фарзанд ба дунё оварда наметавонанд. Асперматизм (ҳангоми мубошарат рух надодани инзол) низ метавонад боиси Б. гардад.
Б.-и занон бо бемориҳои илтиҳобии бачадон ва зоидҳои он (ниг. Аднексит), аз ҷумла сӯзок, сил (хоса сили узвҳои таносул), ихтилоли кори ғадудҳои усораи дохилӣ (тухмдон, ғадуди сипаршакл, ғадуди болои гурда) ва силсилаи асабҳои мараказӣ (дар натиҷаи бемориҳои сироятӣ, хусусан дар давраи расидан ба балоғати ҷинсӣ), инчунин инкишофи номукаммали узвҳои таносул – инфантилизм зич алоқаманд аст. Дар натиҷаи газак гирифтан аксар вақт найчаҳои бачадон баста шуда, нутфа то ҳуҷайратухм рафта намерасад. Ҳангоми иллати тухмдони зан аз он ҳуҷайратухм ҷудо намешавад (ниг. Давраи ҳайз). Дар натиҷа гормонҳои ҷинсӣ (фолликулин ва прогестерон) низ ташаккул намеёбанд (онҳо кашиш хӯрдани найчаҳои бачадон ва инкишофи мӯътадили луобпардаҳои онро танзим мекунанд). Дар аснои инфантилизм луобпардаи бачадони ноболиғ тунук буда, ба таъсири гормонҳои тухмдон ҳассос нест. Аз ин сабаб он тухми бордорро қабул карда наметавонад. Агар зан ҳангоми инфантилизм ҳомила шавад, пас онро қатъ кардан лозим нест, зеро исқот ба фаъолияти тухмдон халал ворид сохта, ба луобпардаи бачадон зиён мерасонад ва оқибат боиси Б. мегардад.
Дар мавриди як соли аввали заношӯӣ бидуни истеъмоли доруҳои пешгирии ҳамл бордор нагаштани зан издивоҷ бенасл маҳсуб мешавад. Дар ин гуна ҳолатҳо ҳам зан ва ҳам шавҳар бояд аз муоинаи духтури андролог, урогинеколог гузаранд, чунки дар 5,7 фисади мавридҳо Б. бо организми мард, тақр. дар 60 фисад бо организми зан ва дар 28,4 фисад бо организми ҳам зан ва ҳам мард вобаста аст.
Ҳангоми Б. муолиҷаро барвақт сар кардан лозим аст, зеро синну соли зан ба оқибати Б.таъсири калон мерасонад. Муқаррар шудааст, ки самараи муолиҷаи Б. барои занҳои то 25-сола назар ба занҳои аз 35- сола боло қариб ду баробар зиёд аст. Дар аснои Б.-и вобаста ба илтиҳоб муолиҷаи курортӣ ва физиотерапияро васеъ истифода мебаранд. Дар баъзе ҳолатҳо роҳи найчаҳои бачадонро фақат бо ҷарроҳӣ барқарор кардан лозим меояд. Чунин ҷарроҳиро барои занҳои то 32 – 34-сола тавсия менамоянд. Ҳангоми ихтилоли фаъолияти ғадудҳои дохилӣ муолиҷаи муштарак (доруҳои гармониро якҷоя бо физиотерапия ва табобати курортӣ) мегузаронанд. Ҳар як усули муолиҷаи Б.-ро фақат аз рӯи таъинот ва таҳти назорати духтур бояд гузаронд.
Табобати Б. дар мардон бо назардошти тағйироте, ки муҷиби ихтилоли ҳосил гаштани нутфа мешавад, сурат мегирад. Агар муҷиби Б. бемориҳои усораи дохилӣ бошанд, пас духтур доруҳои гормонӣ ва витамин таъин мекунад. Дар сурати ошкор шудани нуқсҳои анатомии аъзои ҷинсӣ ба ҷарроҳӣ даст мезананд.
Пешгирии Б. аз саривақт муолиҷа кардани илтиҳоби узвҳои ҷинсӣ, роҳ надодан ба исқот, хусусан исқоти ғайриқонунӣ, риоя намудани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва беҳдошти олоти таносул вобаста аст. Табобат кардани бемориҳои илтиҳобии ҳалқу димоғ низ зарур мебошад, чунки илтиҳоби музмин, хусусан дар вақти кариеси дандонҳо ва тонзиллит, метавонад сабаби ихтилоли фаъолияти ғадудҳо гардад. Дар мавридҳои фарбеҳӣ, ихтилоли давраи ҳайз ва таъхири инкишофи ҷинсӣ зуд ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Муолиҷаи дандонҳо низ баҳри пешгирии ихтилоли фаъолияти ғадудҳо аҳамияти калон дорад.
Ад.: Порудоминский И.М., Бесплодия у мужчин, Л., 1964; Мазлей Е.П., Клиника и терапия бесплодия женщины, Л., 1965; Қодирӣ Т.Р., Ҳаёти ҷинсӣ, Д., 1991.
Т.Р. Қодирӣ.