Главная / Илм / БЕМОРХОНА

БЕМОРХОНА

bemorkhonaБЕМОРХОНА (Nosocomium), шифохона, бемористон, муассисаест барои муолиҷаи беморони бистарӣ. Б.-е, ки ба ҳайати он дармонгоҳ (поликлиника) дохил мешавад (Б.-и муттаҳид), муассисаи табобатӣ ва профилактикӣ буда, ба аҳолӣ ёрии тиббии гуногун ва махсус мерасонад. Б.-ҳо чанд навъанд: ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ. Б.-ҳо умумӣ (иборат аз чанд шӯъбаи гуногун) ва махсус (Б.-ҳои касалиҳои сил, сироятӣ, рӯҳӣ, чашм ва ғ.) мешаванд. Б.-ҳои кӯдакона ҳам ду навъанд: умумӣ ва махсус. Б.-и ёрии тиббии таъҷилӣ статсионарӣ ва ғайристатсионарӣ мешавад. Агар Б. дар заминаи мактаби олии тиббӣ ё пажӯҳишгоҳ амал кунад, онро Б.-и клиникӣ меноманд. Б.-ҳое низ мавҷуданд, ки ба мардум мувофиқи касб хизмат мерасонанд (Б.-и кормандони роҳи оҳан, милитсия ва ғ.)
Б. аз шӯъбаҳои қабулгоҳ (дар ин ҷо духтур беморро муоина карда, ҳуҷҷати тиббӣ медиҳад, тадбирҳои санитарию гигиенӣ мегузаронад), муолиҷа (ҷарроҳӣ, терапевтӣ ва ғ.), ташхису табобат (рентгенологӣ, физиотерапевтӣ), лабораторияҳо, дорухона, ошхона, хонаи либосшуӣ ва ғ. иборат аст. Ҳайати хизматрасон ва духтурони Б. ба миқдори кат вобаста мебошад.
Ба Б. беморонеро равон мекунанд, ки онҳо ба муоина ва муолиҷаи муттасили тиббӣ мӯҳтоҷанд. Ба бемор роҳхат (барои табобати статсионарӣ)-ро духтури дармонгоҳ ва дар ҳолати таъҷилӣ духтури ёрии таъҷилӣ медиҳад. Шифои мариз дар Б. нафақат ба имкониятҳои тиббӣ, балки ба худи ӯ ва хешу табораш низ вобаста аст. Рафтори дуруст, кайфияти хуш, боварӣ ба муолиҷа, иҷро кардани тамоми гуфтаҳои духтур, риояи парҳез, инчунин итоат ба режими Б. шарти муҳими табобати босамар аст.
Дар қаламрави ҳозираи Тоҷикистон аввалин Б. (дорои 40 кат) с. 1913 ба истифода дода шудааст. Дар он 13 наф. духтур ва 32 наф. корманди миёнаи тиббӣ фаъолият доштанд. Аз хизмати Б. асосан амалдорон,ҳарбиён ва мансабдорони подшоҳ баҳра мебурданд. Баъди ташкил ёфтани ҶШС Тоҷ. ҳифзи тандурустӣ рӯ ба пешравӣ ниҳод. С. 1929 дар ҷумҳурӣ 22 Б. фаъолият мекард (дар онҳо 990 кат гузошта шуда буд). Баъди дар пойтахт ташкил карда шудани Ин-ти давлатии тиббии Тоҷикистон (с. 1939) ва тарбия ёфтани мутахассисони маҳаллӣ адади Б.-ҳои ҷумҳурӣ афзуд. С. 1940 дар ҷумҳурӣ 121 Б.-и дорои 4490 кат вуҷуд дошт. С. 1984 дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино зиёда аз 600 наф. духтурон тайёр карда шуданд. Ин имкон дод, ки шабакаи Б.-ҳои ҷумҳурӣ беш аз пеш васеъ гардад. Онҳо бештар махсусонида, бо асбобу анҷомҳои зарурӣ ва дастгоҳҳои замонавӣ таҷҳизонида мешуданд. С. 1984 дар 319 Б.-и дорои 42790 кат 10818 наф. духтурон фаъолият доштанд. Баъзе Б. барои табобати бемориҳои ҷудогона махсус гардонида шуданд, мас., Б.-и амрози пӯст, Б.-и касалиҳои чашм, Б.-и амрози пӯст, Б.-и касалиҳои чашм, Б.-и бемории сил ва ғ.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр Б.-ҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва дастгоҳҳои компютерӣ муҷаҳҳаз гаштанд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 132 Б.-и деҳотӣ, 61 Б.-и ноҳиявӣ ва 24 Б.-и шаҳрӣ фаъолият дорад (янв. 2010). Баъзе Б.-ҳо ба марказҳои тиббӣ табдил дода шудаанд.

Б.Ш. Гадоев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …