Хабарҳои охирин

БЕМОРИҲОИ ИРСӣ

bemorii-irsi

БЕМОРИҲОИ ИРСӣ (Morbi hereditarii), бемориҳое, ки дар натиҷаи иллати унсурҳои генетикии ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ба вуҷуд меоянд. Омӯзиши пайдоиш ва ҷараёни Б. и. дар а. 20 ба туфайли пешрафти соҳаи генетика оғоз ёфт. Барои ба роҳ мондани тадбирҳои пешгирӣ ва муолиҷаи Б. и. қонуният ва механизми интиқоли аломатҳои ирсиро донистан лозим …

Муфассал »

БЕМОРИҲОИ КАСБӣ

professionalnye-bolezni

БЕМОРИҲОИ КАСБӣ (Morbi professionales), иллатҳоеро гӯянд, ки сирфан ё асосан дар натиҷаи ба организм таъсир расондани шароити номувофиқи кор ва зиёни касбӣ пайдо мешаванд. Б. к. ба шароити иҷтимоию иқтисодии меҳнат, ҷараёни технологӣ ва вазъи техникии истеҳсолот вобаста аст. Б. к. дар натиҷаи таъсири омилҳои физикӣ, химиявӣ ва биологӣ инкишоф …

Муфассал »

БЕМОРИҲОИ КӯДАКОН

bemorii-kudak

БЕМОРИҲОИ КӯДАКОН (Morbi infantiles), гурӯҳи бемориҳое, ки бештар дар кӯдакон дучор меоянд. Ба ҳар синни кӯдак бемориҳои муайян хос мебошанд. Дар давраи навзодӣ организми тифл ба шароити нави ҳаёт мувофиқ мешавад. Дар ин давра фаъолияти узвҳои ӯ ноустувр буда, зуд халал меёбад. Бинобар ин дар организми кӯдак тағйироте ба амал …

Муфассал »

БЕМОРИҲОИ МОДАРЗОДӣ

bemorihoi-modarzodi

БЕМОРИҲОИ МОДАРЗОДӣ, иллату осебҳое, ки бинобар ихтилоли инкишофи организм ҳангоми дар батни модар будани тифл ба вуҷуд меоянд. Б. м. ирсӣ ва ғайриирсӣ мешаванд. Б. м.-и ғайриирсӣ бинобар таъсири омилҳои физикӣ (афканишоти ионнок), химиявӣ ва биологӣ (бемориҳои гуногуни сироятӣ), ки дар давраи ҳамл ҷой доштанд, рух менамоянд. Таъсири ин гуна …

Муфассал »

БЕМОРИҲОИ ПАРАЗИТӣ

bemorii-paraziti

БЕМОРИҲОИ ПАРАЗИТӣ (Morbi parasitaria), бемориҳои ангалӣ, бемориҳое, ки онҳоро кирмҳои паразит (гелминтҳо), соддатаринҳо (мавҷудоти якҳуҷайраи каслиовар – амёбаҳо, лейшманияҳо, лямблияҳо, токсоплазмаҳо, плазмодияҳо ва ғ.) ва бандпойҳо (ҳашарот ва канаҳо) ба вуҷуд меоранд. Б. п.-ро амрози инвазиявӣ низ меноманд (инвазия – сироят аз паразитҳои ҳайвонот). Бар хилофи Б. п. иллатҳое, ки …

Муфассал »