БЕМОРИҲОИ ШАДИДИ РОҲИ НАФАС (Morbi respiratorii asuti), як гурӯҳ бемориҳое, ки онҳоро бемориҳои зукомӣ (ОРЗ) низ меноманд. Б. сабабҳои бисёр дошта, нишонаҳояшон ба ҳамдигар монанд мебошанд. Б.-ро вирусҳо, хламидияҳо, микоплазмаҳо ва бактерияҳо меангезанд. Бемориҳои зукомии пайдоишашон муштарак низ мавҷуданд (вирусиву вирусӣ, вирусиву бактериявӣ, вирусиву микоплазмавӣ). Хусусан бемориҳои зукомии вирусӣ ва микоплазмавӣ бештар дучор меоянд. Онҳо дар байни бемориҳои одам ҷои намоёнро ишғол мекунанд. Масалан, грипп, парагрипп, амрози аденовирусиву риновирусӣ. Мувофиқи маълумоти расмӣ соле тақр. 40 млн. нафар одам ба грипп ва диг. Б. гирифтор мешаванд.
Ҳомили табиӣ ва манбаи сирояти Б. мариз аст. Одамони солим, вале ҳомили вирус ангезаҳои Б.-ро бисёр паҳн намекунанд. Сироят асосан тавассути зарраҳои дар ҳаво вуҷуддоштаи оби даҳон (ҳангоми сурфидан, атса задан, нафас гирифтан) ба вуқӯъ мепайвандад. Б. гоҳо ба таври эпидемия рух менамоянд.
Б.-ро тақр. 200 хели ангезандаҳо ба вуҷуд меоранд, ки бештари онҳо мансуби вирусҳо мебошанд. Аломатҳои Б. ба якдигар шабоҳат доранд. Вале масуният (иммунитет)- и ҳосилшуда ба хели беморӣ вобаста аст. Як нафар мумкин аст дар давоми сол 5 – 7 маротиба ба Б. гирифтор шавад. Ин ҳолат бештар дар муассисаҳои атфол (мактаб ва кӯдакистонҳо) ба назар мерасад. Сабаб дар он аст, ки беморӣ ҳар дафъа бар асари ангезандаи (серотипи) нав ба вуҷуд меояд.
Б. бо заҳролудии умумии сабук, хусусан осеби қисми болоии роҳи нафас, падид меояд. Иллати узвҳои нафас чун зуком, ринофарингит, фарингит, ларингит, трахеоларегит ва гоҳо пневмония пайдо мешавад. Дар сурати вуҷуд надоштани пневмония беморӣ аз 2 – 3 то 5 – 8 рӯз давом мекунад. Дар мавриди пневмония, ки сабабгори он бисёр вақт микоплазмаҳо, вируси респираторӣ-махлотӣ ва аденовирусҳо буда, онҳо якҷоя бо бактерияҳо амал мекунанд, беморӣ 3 – 4 ҳафта тӯл мекашад ва муолиҷааш душвор аст.
Ташхиси бемориҳое, ки ангезаҳои гуногун ба вуҷуд овардаанд, бисёр мураккаб мебошад. Ҳатто грипп барин бемории маъмул баъзан амрози зукомии пайдоишаш дигарро ба хотир меорад, зеро он дар бештарин мавридҳо бо назла (катар)-и роҳи болои нафас ва токсикози суст падид меояд. Аз ӯҳдаи ташхиси лаборатории бисёр бемориҳо (хоса амрозе, ки риновирусҳо, короновирусҳо, микоплазмаҳо ба вуҷуд овардаанд) на ҳамаи лабораторияҳо мебароянд. Илова бар ин натиҷаи таҳқиқи лабораторӣ бисёр дер, вақте ки мариз шифо ёфта аз беморхона баромадааст, маълум мегардад. Бинобар ҳамин усули асосии ташхиси Б. ташхиси сарирӣ (клиникӣ) аст. Ташхис чунин мебошад: амрози зукомӣ (ОРЗ); сипас ба он шарҳ медиҳанд, яъне ринит, ринофарингит, ларинготрахеобронхити шадид ва ғ. Гоҳо аз истилоҳи «сирояти шадиди роҳи нафас» (ОРИ) низ истифода мекунанд, ки хато аст, чунки истилоҳи «сироят» нафақат беморӣ, балки ҳомили ниҳонии ягон ангезаи маризӣ буданро ҳам ифода менамояд. Хусусан корбасти «сирояти вирусии шадиди роҳи нафас» (ОРВИ), ки чун муродифи ОРЗ истифода мешавад, нодуруст аст. Зеро бисёр Б.-ро на вирусҳо, балки микоплазмаҳо ва бактерияҳо ба вуҷуд меоранд.
Барои муолиҷаи Б. антибиотикҳо ва диг. доруҳои химиявӣ натиҷа намедиҳанд, чунки онҳо ба вирусҳо таъсир намерасонанд. Антибиотикҳоро ҳангоми Б.-и ангезаашон бактерияҳо (мас., фарингити стрептококкӣ), микоплазмозҳо, ҳамчунин дар мавриди оризаҳои микробӣ (отитҳо, синуитҳо, пневманияҳо) метавон таъин кард. Мариз асосан дар хона табобат меёбад. Бинобар ин ӯро ҷудо нигоҳ дошта, косаву табақро ҷӯшондан лозим аст. Агар мариз табу тасф дошта бошад, бояд ҳатман бихобад. Дар сурати пайдо шудани нишонаҳои хурӯсак, ки асосан дар кӯдакон мушоҳида мешавад, ҳавои хонаро намнок мекунанд (бо роҳи овехтани ҷойпӯши тар, гузоштани сатиле, ки оби гарм дорад ва ғ.); гарм нигоҳ доштани гулӯ низ муфид мебошад. Ҳамчунин доруҳои таскинбахш (фенобарбитал, хлоралгидрат) ва рафъи илтиҳоб (бутадион, кортикостероидҳо) таъин карда мешаванд.
Фарҷоми беморӣ нек аст. Дар мавриди пневмонияи вирусию стафилакоккии кӯдакон оқибати маризӣ ҷиддист.
Ҷилавгирии аз Б. бо назардошти тарзи паҳн гаштани ангезаҳо андешида мешавад.
Ниг. низ Грипп, Зуком, Назла.
Ад.: Шувалова Е.П., Инфекционные болезни, М., 1999; Қамардинов Х.Қ., Бемориҳои сироятӣ, Д., 2000.
О. Ҳ. Ҳусайнов.