Главная / Илм / БЕМОРИҲОИ ЧАШМӣ

БЕМОРИҲОИ ЧАШМӣ

bolezni-glazБЕМОРИҲОИ ЧАШМ (Morbi oculorum), бемориҳои узвҳои чашм (пилк, аъзои ашк, косаи чашм). Бемориҳои умумӣ (тарбод, сил, сифилис, вараҷа, брутселлёз ва ғ.), ихтилоли мубодилаи моддаҳо, бемориҳои системаи асаб ва раг, авитаминоз ва ғ. мумкин аст сабаби Б. ч. шаванд. Аз таъсироти номусоиди муҳит бештар таъсири механикӣ (зарбу лат), химиявӣ (кислотаҳо, ишқорҳо) ва физикӣ (гармӣ, рӯшноӣ, афканишоти радиоактив) боиси Б. ч. мегардад. Инҳирофи рефраксияи чашм, ихтилоли фаъолияти босира – наздикбинӣ, дурбинӣ ва астигматизм низ ба Б. ч. тааллуқ доранд. Баъзе Б. ч., мас., глаукома, осебҳои вазнини чашм, кӯчидани тӯрпарда, атрофияи асаби босира, трахома ва ғ. метавонанд боиси нобиноӣ гарданд. Б. ч.-ро соҳаи махсуси илми тиб – офталмология меомӯзад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …