ЧАШМАИ ВАНҶ – чашмаи минералии обаш гарм. Дар соҳили чапи дарёи Ванҷ, 57 километр болотар аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Масофа аз чашма то роҳи мошингард – 2,5 километр аст. Ҳарорати обаш +220 С; дебиташ 2,3 л/сон. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (86,0 мг/л), натрий (63, 0 мг/л), магний (62,0 мг/л), анионҳои гидрокарбонатҳо (390 мг/л), сулфатҳо (283 мг/л), хлоридҳо (5,01 мг/л), ҳамчунин микроэлементҳо (мис, кобалт, бор, молибден ва арсениум) мавҷуданд. Вобаста ба таркиби химиявӣ ва хосиятҳои физикӣ ба оби чашмаи Пауши Ҷумҳурии Руминия шабоҳат дорад. Омили асосии шифобахши чашма оби камминерали дорои гидрокарбонатҳо, сулфатҳо, магний, калтсий ва натрий аст. Онро метавон барои табобати гастрити музмин, гепатити музмин, холесистит ва колит истеъмол кард.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.
Tags чашмаи минералӣ
Инчунин кобед
Иди Қурбон 2022 сол 9-уми июл ҷашн гирифта мешавад
Иди Қурбон соли 2022-ум дар Тоҷикистон кай ҷашн гирифта мешавад? Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии …