Главная / Илм / ВАРАҚАИ ҲОМИЛАГӣ

ВАРАҚАИ ҲОМИЛАГӣ

varakai-homilagiВАРАҚАИ ҲОМИЛАГӣ, як навъ ҳуҷатти тиббист барои муоина, табобат ва мушоҳидаи занҳои ҳомила. Мақсад аз истифодаи В. ҳ. ҳамоҳанг ва мураттаб сохтани кӯмакҳои тиббие мебошанд, ки дар муассисаҳои гуногуни тиббӣ ба зани ҳомила расонда шудаанд. Ба В. ҳ натиҷаи ҳама гуна санҷишҳо, ҳамчунин таърихи мухтасари ҳамл ворид карда мешавад. Ҳар духтур (дар машваратгоҳи занона, беморхона, таваллудхона) бо В. ҳ. шинос шуда, дар бораи зани ҳомила маълумоти зарурӣ ба даст меорад.
В. ҳ. ба занҳо баъди 28 ҳафтаи ҳомилагӣ дода мешавад. Ҳангоми ҳар дафъаи ба духтур муроҷиат кардан, ба он маълумоти муоинаро менависанд.
В. ҳ. (формаи № 113/у) аз се қисм иборат аст. Қисми аввал (маълумоти машваратгоҳи занона дар бораи зани ҳомила)-ро акушер – гинекологи маҳалла пур карда, баъди 28 ҳафтаи ҳамл ба дасти зан медиҳад (ӯ баъди фаро расидани мӯҳлати таваллуд ҳамроҳи он ба таваллудхона меояд). Қисми дуюм (маълумот дар бораи зани мезоида ва зоида) ва сеюм (маълумот дар бораи навзод)-ро дар таваллудхона (шӯъбаи таваллуди беморхона) пур карда, баъди ҷавоб шудани зан ба дасти ӯ ба машваратгоҳи занона ва дармонгоҳи кӯдаконаи маҳалли истиқомат мефиристанд. Модарони ҷавон баъди таваллуд бояд онро ҳангоми бори аввал ба машваратгоҳи занона ва дармонгоҳи кӯдакона муроҷиат кардан, бо худ гирад.
Дар вақти ба таваллудхона омадан, ҳатман В. ҳ.-ро пешниҳод кардан лозим аст. Агар зан В. ҳ. надошта бошад ё дар он натиҷаи санҷишҳо оид ба сифилис, СПИД, гепатитҳо ва ғ. қайд нашуда бошанд, пас вобаста ба вазъият (зинаи таваллуд) зан дар шӯъбаи обсерватсия (мушоҳида)-и таваллудхона тааллуд мекунад ё ба таваллудхонаи махсуси обсерватсиявӣ фиристода мешавад. Дар чунин шӯъбаю таваллудхонаҳо занҳое, ки бемориҳои гуногуни сироятиро аз сар гузаронидаанд, ҳамчунин занҳои аз муоина нагузашта ҷой дода мешаванд. Набудани В. ҳ. ё кофӣ набудани маълумоти он далел бар он аст, ки модари оянда муоина карда нашудааст; дар чунин мавридҳо ӯро метавон шартан сироятнок ҳисобид.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …