Главная / Илм / ВАРАҶА

ВАРАҶА

malariaВАРАҶА (Malaria) табдард, таби ботлоқӣ, малярия, бемориест, ки бо табларза, камхунӣ (анемия), калон шудани ҷигар ва сипурз падид меояд. Ангезаи маризӣ плазмодияҳои В. ба шумор мераванд. В. бештар дар кишварҳои гармсер рух менамояд.
Ангезаҳои В. ба типи Protozoa, синфи Sporozoa, оилаи Plasmodiidae, ҷинси Plasmodium мансубанд. В.-ро 4 намуди ангезандаҳо ба вуҷуд меоранд: P. falciparum – ангезандаи В.-и тропикӣ, P. vivax – ангезаи таби серӯза (таби сеяка), P. ovale – ангезаи овале вараҷа. P. malariae – ангезаи таби чаҳоррӯза. Муқаррар шудааст, ки нишонаҳои таби серӯза (рӯздармиён хурӯҷ кардани маризӣ) ба ду намуди ангезанда – P. vivax ва P. ovale вобаста аст.
Ангезаҳои В. дар организми ҳомил ва пашша силсилаи мураккаби инкишофро аз сар мегузаронанд. Дар мавриди сироят ёфтан, ба организми ҳомил спорозоитҳо ворид мешаванд. Онҳо на ба эритросит, балки ба ҳуҷайраи бофтаҳо дохил гашта, ба шизонтҳо табдил меёбанд. Шизонтҳо нумӯ мекунанд, борҳо тақсим мешаванд ва мерозоитҳои сершуморро ба вуҷуд меоранд. Сипас, ангезаҳо ба эритроситҳо мегузаранд ва шизогонияи эритроситӣ оғоз меёбад. Мерозоитҳо дар эритроситҳо инкишоф мекунанд ва ба шизонтҳои ғайриҷинсӣ (агамонтҳо) ва ҷинсӣ (гамонтҳо) ибтидо мегузоранд. Дар натиҷаи тақсим гаштани шизонтҳо мерозоитҳо ташаккул ёфта, аз дигар ба эротроситҳо дохил мешаванд ва силсила (сикл) такрор меёбад.
Шизогония дар ангезаҳои таби серӯза ва В.-и тропикӣ 48 соат, дар таби чаҳоррӯза 72 соат давом мекунад. Дар организми пашша спорогония баъди бо хун ворид шудани фардҳои ҷинсии паразит оғоз меёбад. Дар меъдаи пашша аз гамонтҳои нарина 4 – 8 қамчинак ҳосил мешавад. Онҳо гаметаҳои модинаро бордор месозанд. Ҳуҷайраи бордор (зигота) ба оокинетаи мутаҳаррик табдил меёбад. Он тавассути девораи меъда ворид шуда, ба оосиста мубаддал мегардад. Ҳаста (ядро) – и оосиста борҳо тақсим мешавад ва спорозоитҳои сершумор ташаккул меёбанд. Онҳо ба тамоми организми пашша паҳн гашта, дар ғадудҳои луоби даҳон ҷой мегиранд. Аз ҳамин лаҳза пашша қобилияти сироятангезӣ касб мекунад ва ин хусусияти ӯ 30 – 45 рӯз маҳфуз мемонад.
Манбаи сирояти В. мариз ё одамони солими ҳомили гамета мебошанд. Одам ҳангоми газидани пашша ё ба организм фиристодани хуни шахси бемор сироят меёбад. Гоҳо дар батни модар сироят ёфтани тифл низ мумкин аст. Пашша аз мариз ҳамон вақт сироят меёбад, ки агар дар хун ӯ гамонтҳои болиғ ташаккул ёфта бошанд. Дар аснои таби серӯза ва чаҳоррӯза ин ҳолат баъди хуруҷҳои сеюм, ҳангоми В.-и тропикӣ рӯзҳои 7 – 10-уми беморӣ рух менамояд. Ба В. хусусан кӯдакони хурдсол ҳассос мебошанд. В. хосияти мавсимӣ дорад. Дар минтақаҳои иқлимаш мӯътадил мавсими сирояти ангезаҳо 1,5 – 3 моҳи тобистон, дар мавзеъҳои субтропикӣ 5 – 8 моҳ, дар минтақаҳои тропикӣ тамоми сол идома меёбад.
Дар сурати бо роҳи табиӣ аз пашша сироят ёфтан, В. сирояти спорозоитӣ ба шумор меравад. Ҳини сирояти батнӣ ё раҳимӣ сироят шизонтӣ аст, зеро ба организм на спорозоитҳо, балки шизонтҳо роҳ меёбанд. Давомоти давраи ниҳонии сирояти спорозоитӣ ба намуди (вид) ангезанда вобастагӣ дорад. Дар ибтидои маризӣ, вақте ки шизонтҳои бофтаӣ гурӯҳ – гурӯҳ ба хун гузашта, боиси ташаккули наслҳои гуногун мешаванд, таби номуттасил падид меояд. Минбаъд инкишофи ангезаҳо синхронӣ шуда, В. хусусияти хуруҷмонанд мегирад. Хуруҷ бинобар тақсим гаштани шизонтҳои эритроситҳо (дар давраи бисёр таҷзия шудани эритроситҳои сироятёфта ва ба хун гузаштани ангезаҳо) ба вуҷуд меояд. Бинобар ин дар мавриди таби серӯза, В.-и тропикӣ ва овале-вараҷа хурӯҷҳо баъди 48 соат, дар вақти таби чаҳоррӯза бошад, пас аз 72 соат такрор меёбанд. Таб дар натиҷаи ба хунгардиш ҳамроҳ шудани сафедаи ғайр (бегона), ки ҳини таҷзияи эритроситҳо хориҷ мешавад, ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа камхунӣ сар мезанад. Сабаби калон шудани ҷигар ва сипурз афзоиши ҳуҷайраҳои лимфавӣ ва шабакавӣ (ретикулавӣ) мебошанд. Сар задани иғмо (кома)-и вараҷагиро ба ихтилоли гардиши хуни майна вобаста медонанд. Бинобар халал ёфтани фаъолияти андарунпарда (эндотелий) эритроситҳои сироятёфта дар организм боқӣ мемонанд, онҳо мечаспанд, табоҳ мегарданд ва ҳамин тавр мӯраг (капилляр)-ҳо баста мешаванд.
Ҳангоми В. масуният (иммунитет)-и ноустувор ташаккул меёбад. Бинобар ин баъди чанд муддат мумкин аст шахс аз намудҳои ғайримаъмулӣ (гетерологӣ) ва маъмули (гемологӣ)-и паразитҳо сироят ёбад.
Давраи ниҳонии В.-и тропикӣ 8 – 10 рӯз, таби серӯзаи кӯтоҳмуддат ва овале-вараҷа 10 – 16 рӯз, таби чаҳоррӯза 20 – 25 рӯз аст. Дар аснои аз ангезаҳои таби серӯзаи бардавом сироят ёфтан, хурӯҷҳои маризӣ пас аз 8 – 14 моҳ (дар мавсими эпидемияи дигар) рух менамоянд.
В. се давра дорад: табларза, таб ва арақ. Беморӣ, одатан, пагоҳирӯзӣ (ҳангоми овале-вараҷа соатҳои 18 ¬¬– 20) хурӯҷ мекунад. Табларза баногоҳ сар шуда, 1 – 1/2 соат тӯл мекашад. Давомоти ҳамаи ин хурӯҷ дар мавриди таби серӯза ва овале-вараҷа 6 – 8 соат, таби чаҳоррӯза 12 – 24 соат аст; хурӯҷи В.-и тропикӣ бардавом мебошад. Баъди табларза мариз таб карда, бо оғози фаромадани ҳарорати бадан арақ менамояд ва худро беҳтар ҳис мекунад; ӯ ором мешавад, бисёр вақт хоб меравад. Дар давраи бетабӣ (апирексия) вазъи саломатии бемор комилан қаноатбахш ва худи ӯ коршоям аст. Хуруҷҳои таби серӯза – рӯздармиён, таби чаҳоррӯза – баъди ҳар ду рӯз ба миён меоянд; вараҷаи тропикӣ мумкин аст ҳар рӯз хурӯҷ кунад. Ҳанӯз баъди хуруҷҳои аввал (хуруҷҳои 2 – 3) ҷигар ва сипурз калон мешаванд.
Дар мавриди муоинаи мариз табхол, қадре зард будани пӯст, паридани ранги рӯй ба назар мерасанд; пӯст бинобар пай дар пай хуруҷ кардани беморӣ тадриҷан хокистарранг (бинобар таҳ нишастани пигменти вараҷа) хоҳад шуд.
Оризаҳои беморӣ: иғмои вараҷаӣ, таби гемоглобинуриявӣ, кафидани сипурз.
Иғмои В. сабаби асосии фавти мариз ҳангоми В.-и тропикӣ аст. Фақат дар мавриди В.-и тропикӣ ба вуҷуд меояд. Дар давраи қаблииғмоӣ мариз ошуфтахотир ва пурҳаяҷон буда, ақл тира мегардад, таваттур (тонус)-и мушакҳову рефлекси пайҳо меафзояд, гавҳараки чашм танг мешавад; дар давраи иғмо бемор аз ҳуш меравад. Шахс мумкин аст баъди чанд соати оғози иғмо фавтад.
Таби гемоглобинуриявӣ бештар дар мавриди В.-и тропикӣ мушоҳида мешавад. Бинобар бо гинагина (хинин) табобат кардани маризон сар мезанад. Баъди хуруҷи вазнини табу табларза ҷигару миён сахт ба дард медарояд, хоҳиши зуд-зуд пешоб кардан пайдо мешавад, пешоб ҷигарӣ ё қариб сиёҳранг аст. Баъди фаромадани ҳарорати бадан, вазъи мариз беҳтар ва ранги пешоб муқаррарӣ хоҳад шуд; бисёр вақт пӯст зард мешавад.
Кафидани сипурз ногаҳон ба вуқӯъ мепайвандад. Қисми болои шикам сахт дард карда, мушакҳои девораи он таранг мешаванд, дард тадриҷан ба китфи чап мегузарад. Ранги бемор меканад, фишори шараён паст мефарояд. Баробари афзудани аломатҳои хуншории дарунӣ садама (шок) рух менамояд.
В.-ро дар асоси аломатҳои саририи хос (бо навбат пайдо шудани табларза, таб ва арақ, калон шудан ва дард кардани ҷигару сипурз, камхунӣ) муқаррар мекунанд. Илова бар ин, дар хун ошкор кардани ангеза низ зарур аст. Набояд фаромӯш сохт, ки ҳангоми хуруҷҳои аввал (1 – 2) миқдори паразитҳо дар хун кам ва ошкор кардани онҳо душвор аст. Агар баъди се хурӯҷ дар хун ангезаи маризӣ ёфт нашавад, пас дар гумон аст, ки он бемории В. бошад. Андуда (мазок) ва қатраи калони хунро бояд то оғози муолиҷа гирифт (хунро аз ангушт ё варид мегиранд). Беморонро ҳатман дар бемористон хобондан лозим. Ба онҳо доруҳои этиотропӣ (ба сабабгори маризӣ таъсиррасон) таъин карда мешаванд.
Баҳри пешгирии В. саривақт ошкор сохтану муолиҷа намудани ҳомилони ангезандаҳо аҳамияти калон дорад. Илова бар ин маҳв кардани пашшаҳои ҷинси Anopheles ва кирминаи онҳо зарур аст.
Бо мақсади пешгирии фардӣ аз доруҳои гематошизотроп (хингамин, фансидар, хинин ва ғ.) истифода мекунанд. Онҳо 3 – 5 рӯз қабл аз сафар ба мавзеи эндемӣ, дар тамоми мӯҳлати он ҷо будан ва 4 – 8 ҳафтаи баъди бозгаштан, истеъмол карда мешаванд. Истифодаи ҳар гуна тӯрҳои муҳофизӣ (барои нагазидани пашшаҳо) ва моддаҳои ҳашарахӯсон (реппелентҳо) низ равост.
КЛ
Нақшаи сикли ҳаёти Plasmodium vivax: 1 – аз маҷрои ғадуди оби даҳон хориҷ ва ба ҳуҷайраи ҷигар ворид шудани тахи- ва брадиспорозоитҳо; 2а – трофозоити бофтаӣ; 2б – ядрои гепатосит; 3 – баромадани мерозоитҳои бофтаӣ; 4 – мерозоите, ки ба эритросит дохил мешавад; 5 – 7 – трофозоитҳо; 8 – 9 – шизонтҳо; 10 – мерозоитҳо; 11 – 12 – гематоситҳои мардона ва занона; 13 – эксфлагеллятсия; 14 – микрогамета; 15 – макрогамета; 16 – бордоршавӣ; 17 – зигота; 18 – оокинета; 19 – 21 – оосистаҳо; 22 – спорозоитҳо дар ғадуди оби даҳон; 23 – шизонти бофтани таъхирнок (гипнозоит).

Ад.: Алексеева М.И. (ва диг.), Клиника, лечение и химиопрофилактика малярии, М., 1983; Тропические болезни, М., 1989; Микроскопическая диагностика малярии, Копенгаген: ВОЗ, 2000; Алиев С.А., Эпидемия малярии в Таджикистане, Д., 2005; Камардинов Х.К., Инфекционные и паразитарные болезни, Д., 2009.
Х.Қ. Қамардинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …