Главная / Илм / ВАРАҚАИ БЕМОРӣ

ВАРАҚАИ БЕМОРӣ

spravka-o-bolezniВАРАҚАИ БЕМОРӣ, варақаи корношоямӣ, ҳуҷҷатест, ки корношоямии коргарону хизматчиёнро тасдиқ мекунад ва дар давраи муваққатан кор накардан ба ёрдампулӣ ҳуқуқ медиҳад. Дар қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба суғуртаи иҷтимоии давлатӣ В. б. ба ҳамаи коргарон ва хизматчиён дар аёми беморӣ, ҳангоми фалокат, ҳомилагӣ, баъди таваллуд, карантин, ҳомили амрози шаддиди сироятӣ будан, барои нигоҳубини кӯдаки бемор ва диг. аъзои оила, баъзан барои дар курорту санатория табобат кардан, дода мешавад. В. б.-ро духтури муасиссаи табобату профилактикии системаи Вазорати тандурустӣ ва идораӣ (мас., Вазорати нақлиёт ва ғ.), инчунин корхонаҳои саноатӣ медиҳанд.
В. б.-ро духтур ба мӯҳлати фақат 6 рӯз медиҳад. Агар дар ин мӯҳлат бемор шифо наёбад, пас комиссияи духтурони мушовир мӯҳлати В. б.-ро дароз мекунанд. В. б.-ро барои табобат дар курорту санатория комиссияи санитарии назди муассисаи табобатӣ ва барои давраи рухсатии ҳомилагӣ ва таваллуд духтури машваратгоҳи занона ё таваллудхона медиҳад.
Ёрдампулиро аз рӯи В. б., ки андозаи онро қонун муқаррар кардааст, комиссияи суғуртаи иҷтимоии назди комитетҳои иттифоқҳои касаба муқаррар мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …