Хабарҳои охирин

ГУЛЗАРДӣ

gulzardi

ГУЛЗАРДӣ (Erysimum diffusum), хокшир, гиёҳест дусола. Аз 20 то 115 см қад мекашад. Пояаш сершох, баргаш дарозрӯя, рахдор, баргҳои поён думчадароз, гулаш майдаи зард. Май – сент. гулу мева мекунад. Дар алафзори нимсаванна, явшонзор, фаркзор, арчазор, шағалзамин мерӯяд. Дар қ.-кӯҳҳои Қурама, Ҳисору Дарвоз ва ноҳияҳои Тоҷикистони Шарқӣ паҳн шудааст. Г.-ро …

Муфассал »

ГУЛИ ГОВАК

centaurea_cyanus_blue_diadem_01

ГУЛИ ГОВАК (Centaurea cyanus), осмонгулак, талхагулак, чашми гов, гӯсолачашмак, гиёҳест яксола. Пояаш рости сершох; 30 – 100 см қад мекашад. Баргаш нештаршакл, яклухт ё сепарра. Тухмаш хокистарранг, дарозрӯяи холдор. Май – авг. гул мекунад. Г. г. ҳамчун алафи бегона дар киштзори гандум, ҷав, ҷавдор, зағир, юнучқа, инчунин полизу боғот мерӯяд. …

Муфассал »

ГУЛИ МАРВОРИД

bellis_perennis

ГУЛИ МАРВОРИД, марворидак (Bellis perennis), як навъ гули маъмул. Пояи кӯтоҳ (15 – 20 см), барги белчашакл, сабадакгул (гулҳои мобайниаш зарду канориаш сафед, сурх ё гулобӣ), тухми зарду мудаввари майда дорад. Дар марғзор ва алафзори Осиёи Марказӣ, Қрим, Кавказ худрӯй аст. Барои ороиши хиёбону кӯчаҳо навъҳои боғиашро мепарваранд. Дар ноҳияҳои …

Муфассал »

ГУЛИ ХАЙРӣ

althaea_officinalis

ГУЛИ ХАЙРӣ (Althaea officinalis), гулхайрӣ, хайрӣ, гиёҳест бисёрсола. Аз 60 то 150 см қад мекашад. Пояаш росту сершох, баргаш дилшакл, гулаш гулобии паст, сурхчатоб, баъзан сафед. Г. х. дар нимаи дуюми тобистон шукуфта, ботадриҷ тухм мебандад. Дар боғ, канори ҷӯй, соҳили дарё, марғзори намнок мерӯяд. Дар мавзеъҳои Зарафшон ва Тоҷикистони …

Муфассал »

ГУЛИ ЧАШМ

guli-chashm

ГУЛИ ЧАШМ, тухмак, лейкома, тира шудани шохпардаи чашм. Дар натиҷаи бемориҳои илтиҳобии вазнин (кератит, трахома, яраи қарния) ё осеби гуногуни чашм (таъсироти механикӣ, ҳароратӣ, химиявӣ) пайдо мешавад. Г. ч. модарзодӣ низ шуданаш мумкин аст; сабаби он бемориҳои илтиҳобии шохпарда мебошанд, ки тифл дар батни модар аз сар гузарондааст. Г. ч. …

Муфассал »