Хабарҳои охирин

ГУЛКАРАМ

gulkaram

ГУЛКАРАМ (Brassica cauliflora), сабзавотест яксола; ба сифати хӯрокворӣ истифода мешавад. Пояаш ғафс; 15 – 20 барги дарозрӯяи нештаршакл ё нисбатан паҳни тухмшакл дорад. Гултӯдааш сабзи баста, баъзан ҷилодор. Баргҳои поёниаш думчаи кӯтоҳ дошта, ба бехи поя часпидаанд. То чуқурии 60, баъзан 100 – 120 см реша (тирреша) меронад. Решаҳои паҳлӯияш …

Муфассал »

ГУЛҚАНД

gulkand

ГУЛҚАНД, гулангубин, гулшакар, ҷуланҷубин, доруест ширин ва гуворо. Дар тибби Шарқ машҳур аст. Аз барги гули садбарги тару тозаи муаттари ҷойдорӣ тайёр мекунанд. Ду навъ мешавад: шакарӣ (сакарӣ) ва ангубинӣ. Қуввати ангубинии он то чаҳор сол ва шакарии он то ду сол боқист. Тарзи тайёр кардани Г. чунин аст: гулҳои …

Муфассал »

ГУЛМИЖА

hordeolum

ГУЛМИЖА (Hordeolum), газаки шадид ва римноки ғадуди чарби пилки чашм. Г. дар натиҷаи ба халтачаи мижжа ё ғадуди чарб роҳ ёфтани микробҳои фасодовар пайдо мешавад. Дар ибтидои беморӣ канори пилк каме варам мекунад, сурхию обварами пӯст ва луобпардаи пилк пайдо мешавад. Баъди 3 – 4 рӯз дар нӯги ҷои варамида …

Муфассал »

ГУЛМУРОДОВ Тошпӯлод

braginskiy

ГУЛМУРОДОВ Тошпӯлод (тав. 03. 01. 1953, деҳаи Ҷаврати ноҳ. Турсунзода), ҷарроҳи тахассуси дараҷаи олӣ, доктори илми тиб (1989), проф. (1990), узви вобастаи АИ ҶТ (1997), Аълочии тандурустии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2003). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1974). Ординатори клиникии Ин-ти ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи …

Муфассал »

ГУЛОБ

gulob

ГУЛОБ (арабҳо мо-ул-вард гӯянд), обест мусаффо ва шаффоф, ки аз гулҳои садбарги хушбӯи ҷойдорӣ (гули сурх, оташӣ, гулобӣ ва ғ.) бо роҳи тақтир ҳосил мекунанд. Бештар аз он шарбатеро тайёр карда менӯшанд, ки қандугулоб ном дорад. Г. дар Эрон, Покистон, Бангладеш, қисман дар Ҳиндустон, баъзе мамлакатҳои араб ва дар аксар …

Муфассал »