Главная / Илм / ГУЛИ МАРВОРИД

ГУЛИ МАРВОРИД

bellis_perennisГУЛИ МАРВОРИД, марворидак (Bellis perennis), як навъ гули маъмул. Пояи кӯтоҳ (15 – 20 см), барги белчашакл, сабадакгул (гулҳои мобайниаш зарду канориаш сафед, сурх ё гулобӣ), тухми зарду мудаввари майда дорад. Дар марғзор ва алафзори Осиёи Марказӣ, Қрим, Кавказ худрӯй аст. Барои ороиши хиёбону кӯчаҳо навъҳои боғиашро мепарваранд. Дар ноҳияҳои ҳавояш гарм хӯшагулаш майда ва камнур мешавад. Дар шароити Тоҷикистон аз авв. февр. ё март то барфи якум гул мекунад.
Сабадакгули Г. м.-ро ҳангоми лат хӯрдан, дунбал, бавосир ва ғ. тарбандӣ мекунанд. Ҷӯшоби гулашро барои муолиҷаи иллати узвҳои нафаскашӣ, ҷигар, обхӯраву тарбод ва қабзияти меъдаву рӯда истифода мебаранд. Г. м. дар тибби муосир асосан чун давои иштиҳоовар, талхарон, тозакунандаи хун, рафъи сулфа кор фармуда мешавад. Онро ҳамчунин дар мавриди бемориҳои пӯст истифода мекунанд. Агар 2 қошуқ алафи майдакардаи Г. м.-ро дар як истакон оби ҷӯш 2 – 3 соат нигоҳ дошта, сипас рӯзе 3 маротиба 1/3-истаконӣ истеъмол намоянд, илтиҳоби рӯдаи ғафс, газаки гурда ва захми меъдаро даво мебахшад. Бо ҷӯшоби ширгарми он тарбандӣ кардани банду буғум ба бемориҳои тарбод, артрит, артроз нафъ меорад. Алафи Г. м. (3 қошуқ)-ро 3 – 4 соат дар як истакон оби сард тар карда, рӯзе чанд маротиба ба он пӯсти рӯйро тарбандӣ (15 – 20 дақ.) кунанд, доғҳои гуногунро меравонад.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

лицейи умари хаём дар Душанбе

Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …