Главная / Илм / ГУЛИ ГОВАК

ГУЛИ ГОВАК

centaurea_cyanus_blue_diadem_01ГУЛИ ГОВАК (Centaurea cyanus), осмонгулак, талхагулак, чашми гов, гӯсолачашмак, гиёҳест яксола. Пояаш рости сершох; 30 – 100 см қад мекашад. Баргаш нештаршакл, яклухт ё сепарра. Тухмаш хокистарранг, дарозрӯяи холдор. Май – авг. гул мекунад. Г. г. ҳамчун алафи бегона дар киштзори гандум, ҷав, ҷавдор, зағир, юнучқа, инчунин полизу боғот мерӯяд. Дар баъзе ноҳияҳои вил. Суғд онро кишт ҳам мекунанд. Дар амалияи тиб сабадгулакҳои растанӣ кор фармуда мешаванд. Сабадакро ҷамъ оварда, гулбаргҳои канори онро мечинанд ва дар ҷои торик мехушконанд (дар рӯшноӣ ранги гул нест мешавад); бӯй надорад, таъми он талх аст.
Табибони мардумӣ нақеъ ва ҷӯшоби гули онро ҳангоми табларза, заъфарма, дарди санги гурда, ташаннуҷи мушак, гулӯзиндонак, сулфа, заъфи узвҳои ҳозима истифода мебаранд. Бо ҷӯшоби он иллати чашм (шабкурӣ, илтиҳоби луобпардаи чашм)-ро табобат мекунанд.
Ҷӯшоб ва нақеъи гули Г. г. дар тиб чун доруи пешобу зардарон тавсия шудааст. Бо нақеъи он кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшанд (2 қошуқча гули онро дар як истакон оби ҷӯш тар карда, ошомидан лозим).
Дар тибби илмӣ гулбаргҳои канории Г. г. чун давои сабуки пешоброн ва талхарон истифода мешавад. Як қошуқи онро дар як истакон об чой карда, рӯзе 3 маротиба якқошуқӣ меошоманд.
Г. г. растании асаловар аст. Асали он зарди сабзранг буда, бӯи бодомро дорад.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …