Главная / Илм / ГУЛИ ХАЙРӣ

ГУЛИ ХАЙРӣ

althaea_officinalisГУЛИ ХАЙРӣ (Althaea officinalis), гулхайрӣ, хайрӣ, гиёҳест бисёрсола. Аз 60 то 150 см қад мекашад. Пояаш росту сершох, баргаш дилшакл, гулаш гулобии паст, сурхчатоб, баъзан сафед. Г. х. дар нимаи дуюми тобистон шукуфта, ботадриҷ тухм мебандад. Дар боғ, канори ҷӯй, соҳили дарё, марғзори намнок мерӯяд. Дар мавзеъҳои Зарафшон ва Тоҷикистони Ҷанубӣ вомехӯрад.
Г. х. растании доруӣ ва асаловар аст. Бо мақсади табобатӣ реша, баъзан гул ва барги растанӣ истифода мешавад. Решаи онро тирамоҳ ё аввали баҳор меғундоранд. Онро реза (10 – 20 см) карда, дарҳол мехушконанд. Хосияти давоии Г. х. аз замонҳои қадим маълум аст. Абӯалӣ ибни Сино ҷӯшоби решаи онро барои илоҷи сӯзиши масона, рӯда ва омоси мақъад тавсия додааст. Ба ақидаи ӯ барги Г. х. низ ҳамин хосиятро дорост; онро ҳангоми исҳоли шадид истифода мебаранд. Ҷӯшоби тухми Г. х. тарашшӯҳоти баъди зоишро тоза карда, қабзияти пешобу сулфаро рафъ, санги масонаро ҳал ва хунпартоиро пешгирӣ менамояд. Барги Г. х. дар мавриди омосҳои синаи занон ва илтиҳоби шуш муфид аст.
Г. х.-ро дар тибби мардумӣ ҳангоми бемориҳои меъдаю рӯда ҳамчун давои таскинбахш васеъ истифода мебаранд. Хокаи решаашро ҳини муолиҷаи илтиҳоби узвҳои нафаскашӣ ва дарунравӣ рӯзе ду маротиба баъди хӯрок (1 – 2 г) ба кӯдакон медиҳанд. Бо ҷӯшоби реша ва баргу пояи Г. х. гулӯро обгардон мекунанд ва чашмро мешӯянд. Ҷӯшоби тухми Г. х. хунро тоза менамояд. Гулу барги онро ҳангоми назлаи (катари) роҳҳои нафас ва пешоб истеъсол мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бо қиём ё ҷӯшоби баргу пояи Г. х. сарро мешӯянд (мӯйро дароз мекунад). Афшураи Г. х.-и тару тозаро ҳамчун давои исҳоловар якҷоя бо қаймоқ ба кӯдакон медиҳанд. Марҳами аз гули Г. х. ва орди гандум таҳиякардаро дар ҳолати гармӣ ба захм, омосҳо ва думбал мемоланд.
Ба ақидаи табибони халқӣ барги Г. х.-ро кӯфта ба захмҳо гузошта банданд, даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад; барои ханозир шифо мебахшад; пучак ва ҳамчунин решҳои римдорро мепазонад ва мекафонад; варамҳои пистон ва мақъадро зуд таҳлил медиҳад. Тухми хушкашро кӯфта бо оби ширгарм биошоманд, санги гурдаро мерезонад. Агар 10,5 г решаи Г. х .-ро дар об ҷӯшонда, он обро бинӯшанд, исҳолро мебандад, иллати қулинҷро шифо мебахшад, сӯзиши пешоб ва варами рӯдаҳоро дафъ мекунад; агар онро дар об ҷӯшонида, дар он об даромада бихобанд ё бишинанд, пайвандҳои шахшударо нарм месозад.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …