Хабарҳои охирин

ГУЛОВ Маҳмадшоҳ Қурбоналиевич

no-photo

ГУЛОВ Маҳмадшоҳ Қурбоналиевич (тав. 01. 01. 1966, деҳаи Ҳусейншайхи ноҳ. Данғара), ҷарроҳи тахассуси дараҷаи олӣ, доктори илми тиб (2007), проф. (2008). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1989). Духтури интерн оид ба тахассуси ҷарроҳӣ (1989 – 90), ҷарроҳи шӯъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи вилоятии 2-юми ш. Кӯлоб (1990 – 93), ординатори клиникии кафедраи …

Муфассал »

ГУЛСАНГ

gulsang

ГУЛСАНГ, лишайник (Lichenes), гурӯҳи растаниҳои дараҷаи паст. Г. аз ҳамзистии занбӯруғҳо ва обсабзҳо ба вуҷуд меояд. Илме, ки Г.-ро меомӯзад, лихенология меноманд. Оид ба алоқаи тарафайни занбӯруғу обсабзҳо ақидаи нодурусте ҳукмфармо буд, ки гӯё обсабзҳо занбӯруғро бо моддаҳои органикӣ (ангиштоб) ва занбӯруғҳо дар навбати худ обсабзро бо обу намаки минералӣ …

Муфассал »

ГУЛӯ

gulu

ГУЛӯ, найи ҳозима, ки даҳонро бо сурхрӯда мепайвандад. Г. ба узвҳои ҳозима ва нафас мансуб аст. Г.-и одам аз се қисм – болоӣ (бинию гулӯ, ки фақат барои нафас хизмат мекунад), миёна (даҳону гулӯ) ва ҳалқ иборат мебошад. Дарозии Г.-и одами калон тақр. 12 см, бараш 5 см аст. Ниг. …

Муфассал »

ГУЛӯЗИНДОНАК

guluzindonak

ГУЛӯЗИНДОНАК (Diphtheria), бодзаҳра, буғма, хурӯсак, дифтерия, бемории бисёр шадид, ки асосан дар ҳалқ ва гулӯ пайдо мешавад. Ангезандаи Г. қаламчабактерияи Лёффлер (Corinebacterium diphtheriae) аст; дарозиаш 2 – 7 мкм. Бактерияи беҳаракат, спора ҳосил намекунад, дар андуда (мазок)-ҳо ҷуфт-ҷуфт ҷой мегирад (ба шакли рақами V). Он дар маводи (муҳити) зардобӣ ва …

Муфассал »

ГУЛХОР

rosa-achburensis

ГУЛХОР (Rosa achburensis), хуч, навъе аз бутта. Аз 1 то 3 м қад мекашад. Пояаш сершох, баргаш тоқапаршакл (5 – 7 баргча дорад), гулаш тоқаи сафед. Меваи пухта расидааш сурхи норанҷӣ ё сурхи сиёҳтоб. Май – июл гул карда, мевааш авг. – сент. мепазад. Дар минтақаи бешазори паҳнбарг, арчазор, фаркзор, …

Муфассал »